Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи П
121256

 

Паланг

Паланг дар хоб душмани пурзӯр ё кинагир аст ва нафаре, ки палангро мекушад, душмани худро мағлуб мегардад, шахсе, ки дар хобаш ба паланг мешинад, ҳокимият ба даст меорад. Ғурроси паланг дар хоб таҷассумгари шахси тамаъкор ва ҳарис аст.

Пакана

Пакана дар хоб нишонаи он аст, ки хизматҳои шумо қадрдонӣ мегардад ва дар зиндагӣ комёб мегардед.

Панир

Панир дар хоб нишонаи бурдборӣ ва оромиши руҳу ҷон аст. Панир дар хоби шахси ҷангҷӯ ва кинагир нишонаи бохт ва бо душман рӯ ба рӯ шуданро дорад. Таъбири хобе, ки дар он панири тару тозаро мебинанд, аз панири хушк беҳтар аст. Нафаре, ки дар хобаш паниру нон истеъмол мекунад, зиндагии серу пур насибаш гашта, бемор намешавад. Ҳамзамон, панир дар хоб ҳамчун тарсончакӣ ва буздилӣ таъбир гашта, оқибати нек надорад.

Парда

Аксаран парда дар хоб ба дӯсте ишора мекунад, ки сирру асрорро нигаҳ медорад ва ҳамзамон парда барои мард зан аст, ки дороии шавҳари худро аз дигарон маҳфуз медорад. Баъзан парда нишонаи сирру асрор асту кандану пора карданаш нишонаи шармандагӣ ва бадномӣ аст.

 

Парастиш, саҷда

Нафаре, ки дар хобаш ба Оллоҳ саҷда мекунад, ба роҳи рост ҳидоят гашта, имони худро мустаҳкам месозад, душмани худро мағлуб омада, аз гуноҳ пок мегардад, аз хатар эмин мемонад, ниёзҳои худро амалӣ месозад ва ба лутфи Оллоҳ мушарраф мегардад.

 

 

Паррандаи эзорсурхак

Марде, ки эзорсурхакро хоб мебинад, бо зани сарватманду зебое шинос мешавад.

Паридан

Паридан дар хоб нишонаи ба сафар баромадан аст. Нафаре, ки дар хобаш мепарад, одати орзу карданро дорад. Эҳтимол орзуи шахси чунин хобдида амалӣ гашта, хушбахтии оилавӣ насибаш мегардад.

 

Партофтан, чизеро ҳаво додан

Ҳар нафаре дар хобаш чизеро мепартояд ё ҳаво медиҳад, аз таҳқир дидани зани тақводоре далолат медиҳад. Дар хоб нишон гирифта партофтан ё парондина ва ба нишони худ расидан маънои онро дорад, ки инсон дар зиндагӣ ба мақсади худ мерасад, нафаре ки ба ҳадаф намерасад, шахсеро бо дашном меранҷонад.

Пайғамбар Исҳоқ

Нафаре, ки пайғамбар Исҳоқро хоб мебинад, яке аз ақрабояш дучори мусибат мегардад, вале баъди чанд муддат корҳои шахси чунин хобдида рӯ ба беҳбудӣ оварда, қалбаш орому осуда мегардад ва дар насли ояндаи ӯ нафарони зиёде ба пояи ҳокимӣ ва сарварӣ мерасанд. Ҳазрати Исҳокро бадшакл хоб дидан, маънои аз даст додани нури чашмро дорад.

Паррандагон

Парранда дар хоб ба бузургӣ, қудрат ва зебоӣ ишора мекунад, барои шахси савдогар парранда даромади пулӣ аст. Дар хоб ба сар нишастани парранда маънои ба сафар баромаданро дорад. Нафаре, ки аз осмон омадани парранда ва наздаш нишастани онро хоб мебинад, дар бедорӣ хабари хуш мешунавад. Хоб дидани паррандагони ношиносе, ки парвоз ё шино мекунанд, фариштаҳоянд. Боз мегӯянд, ки хоб дидани парранда дар китф ё гардан маънои дидани амалу кирдори худ аст. Рафту парранда сиёҳ бошад, амалҳои инсон низ бад аст, агар парранда сафед бошад, амалҳои пок ва нек дорад, паррандаи ало аз амалҳои неку бад шаҳодат медиҳад. Паррандагоне, ки дар хоб хеле баланд парвоз мекунанд, нишонаи хушнудӣ ҳастанд. Селаи паррандагон ба оқилагӣ ва қудрат ишора мекунанд. Шахси бемор паррандагони ношиносу аҷибро хоб бинад, эҳтимол ӯ мефавтад. Рафту шахсе дар сафар паррандаҳои ношиносро хоб бинад, сафараш бебарор анҷом меёбад. Ҳама гуна паррандае, ки дар хоб болу пари кушода дорад, нишонаи нек аст. Паррандаи ба осмон парвозкунанда нишонаи хисорот, муфлисӣ ё марг аст.

 

Партов

Партов дар хоб неъмат асту нишонаи аз ташвишу ғам озод шудан ва далелу бурҳон аст. Барои нафарони сарватманд хоб дидани партов хуб нест. Шахси партовкаш дар хоб нафари бадбахту қашшоқе аст, ки ба хотири истироҳату осудагии дигарон заҳмат мекашаду хаста мегардад.

 

Пастшавии қад

Пастшавии қад дар хоб нишонаи ғалат ва ғафлат дар кор буда, ҳамзамон шаҳодаи умри кутоҳ аст.

Пахта

Пахтазанӣ дар хоб нишонаи аз гуноҳҳо тоза шуданро дорад.

 

Пешбандак

Нафаре, ки дар хоб худро бо пешбандак хоб мебинад, бандаи худотарсу ба имон аст.

 

Пешоб

Нафаре, ки дар хобаш пешоб мекунад, аз мушкиливу ғаму кулфат халос мешавад, рафту қарздор бошад, қарзҳояшро бармегардонад, агар сарватманд бошад, мағруру ҳавобаланд мегардад. Марде, ки дар хобаш пешоби хунин мекунад, худаш бехабар бо зани талоқдодааш ё бо яке аз занҳои хешу табор ҳамхоба мегардад. Нафаре, ки дар хобаш дар манзили нафаре пешоб мекунад, дар бедорӣ бо яке аз наздикони ин манзил тавассути никоҳ хешу табор мегардад. Нафаре, ки дар хоб аз будаш бештар пешоб мекунад ё бо пешоб олуда мегардад ё аз бӯи нохуши пешоб ноҳинҷор мегардаду дигарон ин амалашро мебинанд, ин хоб нишонаи бадбахтӣ ё сар задани бадие аст, ки боиси шармандагии ӯ мегардад. Нӯшидани пешоб дар хоб нишонаи шакку шубҳаи инсон дар пули ҳалол ё дороии ба даст овардааш аст.

 

Пешонӣ

Пешонӣ дар хоб аз мавқеи баланди инсон дар ҷамъият ва иҷро гаштани амру фармонҳои ӯро далолат медиҳад. Дар пешонӣ ягон камбудӣ хоб дидан, аз ҷумлаи шикасти устухон ё чизи дигар нишонаи кам шудани нуфузи эъттибори инсон аст. Нафаре, ки дар хоб пешонии худро аз оҳан, мисс ё санг хоб мебинад, нафрати одамонро пайдо месозад. Пешонии зебову ҳамвори шахси муҷаррад аз издивоҷ бо духтари зебо шаҳодат медиҳад.

 

Пилки чашм

Агар инсон дар хобаш пилки чашмонашро беҳтару зеботар бубинад, дину имонаш мустаҳкам мегардад, рафту пилки чашмонаш безеб бошанд, дину имонаш низ заиф мегардад. Дард накардани пилки чашм дар хоб фоли нек аст, хусусан барои бонувон. Яраву ҷароҳати пилки чашм аз ғаму андуҳ хабар медиҳад.

Пиёз

Нафаре, ки пиёз хоб мебинаду онро истеъмол намекунад, нишонаи не каст, агар пиёзро истеъмол кунад, хуб нест. Тоза кардани пиёз маънои онро дорад, ки нафаре ба шумо хушомад мезанад.

Пиёла, коса

Пиёлаву коса дар хоб ҳамчун зан ва завҷа таъбир мегардад. Ба пиёлаи марде, ки дар хобаш об пур мекунанд, завҷааш ҳомила мегардад. Шикастани пиёлаи обдор дар хоб марги зани ҳомила аст. Рафту дар чунин хоб оби пиёла нарезад, пас тифл тавлид меёбаду зан вафот мекунад. Об рехта шаваду пиёла нашиканад, зан наҷот ёфта, тифл мефавтад.

Пиёла дар хоб нишонаи ба даст овардани зиндагии серу пур, самимият ва росткорӣ аст.

 

Пинак, ғанаб

Пинак дар хоб оромиву нишот аст, дар баъзе ҳолатҳо ба сарватманд шудан баъди нодорӣ ишора мекунад.

Пиразан

Пиразан дар хоб рӯзҳои рафта ва инъикоси рӯзҳои пеш аст. Ҳамзамон, пиразан ҳамчун замини беҳосил таъбир мегардад. Рафту пиразан зебо бошад, пас чунин хоб башорати хушбахтӣ ва хушнудӣ аст. Агар пиразан дар хоб баднамуд бошад, чунин хоб бозгӯи ҷангу ошуб ва куллан тағйир ёфтани зиндагӣ аст. Пиразани урён дар хоб нишонаи муноқиша аст. Зане, ки пиразан хоб мебинад, эҳтимол аст, ки бибиву бибикалони худро хоб мебинад.

Писта

Писта дар хоб ҳамчун пули осон ба дастовардашуда таъбир мегардад. Истеъмол намудани писта дар хоб нишонаи ба даст овардани пули бе дарди миён аст. Дарахти писта дар хоб ҳамчун шахси наҷибу олиҳиммат таъбир мегардад.

 

Пистон

Пистони ширдеҳ дар хоб аз бадбахтиву изтироб хабар медиҳад.

Пой

Пой дар хоб матонати инсон аст. Шахсе, ки дар хобаш пойи бараҳна мегардад, дучори душворӣ, хастагӣ ва машаққат мегардад. Дар хоб лангидан нишонаи порсоӣ ва худотарсӣ аст. Шахсе, ки зиёд шудани пойҳои худро хоб мебинад, камбағал бошад, сарватманд мегардад, агар сарватманд бошад, бемор мешавад, агар дар сафар бошад, сафараш нек анҷом меёбад. Марде, ки дар хобаш пойҳои худро холкӯбишуда мебинад, оилаашро аз даст медиҳад, зани чунин хобдидаро марги шавҳар интизор аст. Фарде, ки дар хоб як пояшро аз даст медиҳад, ними дороияшро аз даст медиҳад, рафту ҳар ду пояшро аз даст диҳад, тамоми дороияш аз даст меравад. Соқи пойи худро оҳанин хоб дидан нишонаи дарозумрист. Марде, ки пойи занона хоб мебинад, ба наздикӣ издивоҷ мекунад. Нафаре, ки пойҳои худро варам ва пӯсташро шахшӯл хоб мебинад, бо душворӣ пул ба даст меорад. Дар хоб устухони соқи пойро шикастан маънои ба кори шубҳанок даст заданро дорад, ки ба ҷуз пушаймониву бебарорӣ чизе намеорад. Пойи булӯрин хоб дидан нишонаи маргу талафот аст.

 

Пойафзол, кафш

Пойафзол дар хоб таҷассумгари вазъи молиявӣ, аз нохушиҳо эмин мондан ва зан аст. Пӯшида гаштани туфлиҳои аз ҳад калон дар хоб нишонаи издивоҷ бо зани шавҳаркарда аст. Туфлиро гум кардан дар хоб нишонаи талоқ асту фурӯхтани туфлӣ нишонаи марги шавҳар барои зан ва марги зан барои шавҳар аст. Нафаре, ки дар хобаш пойафзоли тангу ноқулайро пӯшида мегардад, ӯро маҳбас, муҳтоҷӣ ва завлона интизор аст. Дар хоб пушидани пойафзоли нав башорати баъд аз марг ба биҳишт рафтан аст. Рафту дар хоб пойафзол бинеду ба поятон напӯшед, ғайричашмдошт аз роҳи дур пул ба даст меоред. Агар пойафзоли дар хоб пӯшида ба фасли сол мувофиқ бошад, нишонаи нек аст, рафту он ба фасли сол мувофиқ набошад, аз сар задани мушкиливу бадбахтӣ дарак медиҳад. Дар хоб пӯшидани пойафзоли куҳнаву дарбеҳшуда барои мард нишонаи издивоҷ бо зани кӯдакдор аст. Аз пой баровардани пойафзол лутфу марҳамати Оллоҳ аст. Кафши зард дар хоб нишонаи беморӣ аст.

 

 

Пору

Поруи ҳама гуна ҳайвоноте, ки дар ислом гӯшташ ҳаром дониста шудааст, дар хоб истеъмол карданаш маънои боигариеро дорад, ки бо роҳи мамнуъ ба даст оварда шудааст. Нафаре хоб бинад, ки либосу баданаш олудаи пору гаштааст, соҳиби боигарӣ мегардад. Дар хоб шахси таҳоратдошта олудаи наҷосат гардад, боигарияшро аз даст медиҳад.

 

Посбон

Посбон дар хоб нишонаи осудагӣ, беҳбудӣ ва бехатарӣ аст. Ҳамзамон, посбон дар хоб ба фош гаштани сиру асрор ишора мекунад. Инчунин, посбон дар хоб нафаре аст, ки бо корҳои бо занон алоқаманд машғул мешавад.

 

Пушти сар

Пушти сар дар хоб аксаран маънои ба нафаре пайравӣ карданро дорад.

Пӯст

Пӯст дар хоб нишонаи сабру таҳаммул ва пуртоқатӣ дар ҳама кор аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб пӯсти худро зебову ботароват мебинад, аз бемориҳо шифо меёбаду соҳиби неъматҳо мегардад. Пӯсти сурх нишонаи ашрофзодагон ва тасаллият асту пӯсти зард аз бемориҳо хабар медиҳад.

Пӯстин

Дар хоб дидани пӯстин ё онро дар фасли зимистон ба бар намудан ҳамчун некӣ ва боигарӣ таъбир мегардад. Рафту пӯстин дар фасли тобистон ба бар карда шавад, нишонаи андуҳ аст.

Пучидан

Пучидан дар хоб нишонаи ҳирсу тамаъ аст. Агар дар хоб нафареро пучида, як пора гӯшти бадан дар даст боқӣ монад, пас шахси хобдида аз нафаре, ки ӯро пучидааст, ғизо ба даст меорад. Марде, ки дар хоб аз сурини марди дигар мепучад, бо зани ӯ муносибати маҳрамона мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Ариддин 2023-05-12, 07:46
Писардор шудани духтари нагзмедидаат дар хоб ин чиро ифода мекунад?
Посух
Щахло 2023-06-07, 11:43
Оки падар
Посух
Мухаммад 2023-09-12, 03:21
Подавониро дар хоб дидан чи можно дорад
Посух
Азиз 2023-09-27, 11:56
Чанд мох мешавад дар хобам як шахсро мебинам, ки гуё аз ман ранчида бошад ва баьзан вакт гиряхам мекунад..
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Ариддин 2023-05-12, 07:46
Писардор шудани духтари нагзмедидаат дар хоб ин чиро ифода мекунад?
Посух
Щахло 2023-06-07, 11:43
Оки падар
Посух
Мухаммад 2023-09-12, 03:21
Подавониро дар хоб дидан чи можно дорад
Посух
Азиз 2023-09-27, 11:56
Чанд мох мешавад дар хобам як шахсро мебинам, ки гуё аз ман ранчида бошад ва баьзан вакт гиряхам мекунад..
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД