arzon replenishment
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи А
61065

 

Хоб пайке аст, ки бо воситаи он Худованд бандагонашро аз сар задани ин ё он ҳодиса огоҳ кардан мехоҳад. Таъбири хоб аз замонҳои қадим дар байни мардуми мусалмон маъруф буд. Донишмандони машҳури машриқзамин, уламои дин ва ҳатто паёмбарон бо таъбири хоб машғул буданд ва сирру асрори хобҳои раҳмонию шайтониро фош месохтанд. Хобномае, ки мо ба шумо пешкаш месозем, хобномаи исломӣ буда, дар такя ба сура ва оятҳои китоби муқаддаси Қуръон таҳия шудааст.

Абр

Абр дар хоб нишонае аз дини ислом аст, ки ба одамон зиндагии ростро ҳадя намуда, аз бадӣ наҷот медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо абр дар хоб илму дониши фиқҳӣ ва сухандонӣ аст. Ҳамзамон абр дар хоб нишонаи зани ҳомила асту гоҳи дигар нишонаи борон. Нафаре, ки дар мавсими боронӣ абрро хоб мебинад, аз баракату некии Оллоҳ бархурдор мегардад. Абр дар хоб ҳамзамон нишонаи рафъ гардидани бадбахтиву кулфат аст. Абри раъду барқро хоб дидан шаҳодат аз душвориҳои кор буда метавонад. Дар хоб баланд шудани абр шаҳодати он аст, ки шахси хобдида ба саёҳат баромада, аз сафар бо як ҷаҳон таассурот зиндаву солим бармегардад. Абрҳои тира дар хоб далолати амру фармонҳои нави роҳбарият ё пеш омадани сармо аст. Абри сурх дар хоб рамзи беморӣ, ғам ва ҷанҷоли азим аст.

 

Абрӯ

Агар мард абрӯ хоб бинад, соҳиби иззату ҳурмат ва шахси боэътимод мегардад. Агар дар хоб абрӯи мардро пайванд бубинед, ин нишонаи муҳаббату дӯстдорӣ аст. Абрӯи ба болои чашм афтида ба дарозумрӣ ишора мекунад. Дар хоб абруи ғафс доштан маънои онро дорад, ки инсон зиндагии шоистаеро ба сар мебарад.

Адад ва рақамҳо

Тамоми рақаму адад ва санаҳо дар хоб нишонаи сар задани душворӣ дар корҳо, тарсу ташвиш аст.

 

Аждаҳо

Аждаҳо дар хоб душмани пинҳон ва хатарнокест, ки аз вуҷуд доштанаш дарак надоштед ва аз чанд калла доштани аждаҳо қудрату тавоноии душман вобастагӣ дорад. Дар хоб ба аждаҳо мубаддал гаштан нишонаи дарозумрӣ аст. Барои нафаре, ки сахт бемор аст, дар хоб дидани аждаҳо аз наздик шудани лаҳзаи марг шаҳодат медиҳад.

 

Азон

Шунидани азон дар хоб ба намоз ва зиёрат намудани Хонаи Худо талқин менамояд. Ҳар нафаре дар хоб азонро мешунавад, бояд аз пайи тоату ибодати парвардигор бошаду аз кору кирдори шайтонӣ дур.

Актёр

Дар хоб дидани актёр нишонаи он аст, ки миёни дӯстонатон дурӯғгӯёну дурӯягон зиёданд.

Ақраб (каждум)

Ақраб дар хоб шахси ғайбатчӣ ва хабаркаше аст, ки миёни одамон низоъ менагезад. Рафту ақраб нафареро дар хоб неш занад, душманаш ӯро бадном мекунад ё ҳодисаи нохуше ба сараш омада, қашшоқ ё муфлис мегардад.

Алаф

Алафу коҳ дар хоб дороӣ аст. Фурӯшандаи алаф ҳамчун шахси сарватманд таъбир мегардад.

 

Алифбо

Нафаре, ки дар хоб алифборо хоб мебинад, илму маърифати зиёдеро аз худ мекунад.

Алмос, ёқут

Дар хоб дидани алмосу ёқут аз пеш омадани хушнудиҳои оилавӣ дарак медиҳад.

Ананас

Дар хоб дидани ананас аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корҳоятон шуморо комёбӣ интизор аст.

 

Анбор

Анбор дар хоб нишонаи дороиву даромад аст, агар анбор истифода шавад, нишонаи хуб аст, вале агар холӣ бошад, нишонаи қашшоқӣ аст. Анбори пур нишонаи давлату сарват аст.

 

Ангур

Хоб дидани ангури сафед ва сурх дар айни ғунучини мева маънои онро дорад, ки аз нафаре дасти мадад мегиред. Агар чунин хоб дар фасли ғунучини мева набошад, маънои бемор шуданро дорад. Ангури пухта дар хоб нишонаи зиндагии хушбахтона ва саломатии хуб аст.

Анбор

Нафаре, ки анборро хоб мебинад, барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ дучори азобу машаққати зиёде мегардад.

Ангиштсанг

Ангиштсанг дар хоб аз вохӯрӣ бо нафари хатарнок ё ба даст овардани пули бо роҳи гуноҳ ба даст овардашуда далолат медиҳад.

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Шахром 2023-04-06, 05:17
Аспи сафед якдона шох дорад дар гардани асп банд дар болояш духтар чи маъно дорад
Посух
Шокир 2023-08-10, 08:57
Асп
Посух
Шахзода 2023-08-28, 12:05
Асп дар хоб чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Шахром 2023-04-06, 05:17
Аспи сафед якдона шох дорад дар гардани асп банд дар болояш духтар чи маъно дорад
Посух
Шокир 2023-08-10, 08:57
Асп
Посух
Шахзода 2023-08-28, 12:05
Асп дар хоб чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД