“Хоби сурх” ба ҷашнвораи байналмилалӣ меравад
20.09.2025
Oila.tj
344

Филми ҳунарии “Хоби сурх” дар ду ҷашнвораи байналмиллалӣ - моҳи сентябр дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Байконур” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва моҳи октябр дар синамоҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шветсия иштирок мекунад. Дар ин бора муаллиф ва коргардони филм Соҳибёр Толиб хабар додааст.

Дар суҳбати кӯтоҳе муаллиф ва коргардони филми “Хоби сурх” Соҳибёр Толиб ба Dialog.tj гуфтааст, ки то ҳол филми мазкур дар ягон ҷашнвора иштирок накардааст.

“Ҳунарпешаҳои қазоқ дар бораи филми “Хоби сурх” аз расонаҳо маълумот гирифтаанд ва хоҳиш карданд, ки онро бубинанд. Филмро пешниҳод кардем, диданд ва ба ҷашнвора пешбарӣ шуд”,- мегӯяд Соҳибёр Толиб.

“Иштироки филми “Хоби сурх” дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ барои таҳиягарон роҳҳои зиёдеро боз мекунад. Аз ҷумла, ҳамкориҳои байналмилалӣ, пайдо кардани сармоя барои таҳия филмҳои нав ва ғайраҳо, ки аз ҳар ҷиҳат хуб аст”,- гуфтааст ӯ.

Чанде пеш дар Душанбе нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баргузор гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД