toyota motors
Хоб дидани рахти арӯсӣ рамзи издивоҷ аст ё марги ҳамсар?
28.05.2026
Oila.tj
155

Дар хоб дидам, ки ба хонае медароям, ки кат ё рахти хоби арӯсии бисёр зебову ороставу пероста дорад. Худам танҳо ҳастам. Дар қалбам як нооромӣ дорам, гӯё касеро интизорам. Вале бедор мешавам. Ду дафъа шуд, ки чунин хоб мебинам. Ба ҳамсарам ин хобро гуфтам. Мегӯяд, ки “ман мемираму ба бистари мо бонуи дигар меояд...”. Пушаймон шудам, ки ин хобро ба ҳамсарам гуфтам, зеро қариб ҳар рӯз ба ёд меорад. Хоҳиш мекунам, хоби маро таъбир кунед.

САМАНДАР, ш. Хуҷанд

Ҷавоб:

- Кат ва рахти хоб дар хоб аз ҷумлаи руъёҳое ба шумор мераванд, ки бештар ба зиндагии хонаводагӣ, оромии дил ва муносибатҳои инсон бо наздиконаш вобастаанд. Дар таъбирҳои қадим мегӯянд, ки рахти хоб пеш аз ҳама рамзи завҷа ва фазои зиндагии оилавист. Агар шахс дар хоб бистари тоза, ороста ва нармро бубинад, ин нишонаи рӯзгори осуда, меҳру муҳаббат ва оромии хонадон аст. Барои мард чунин хоб аз хушрафторӣ ва вафодории ҳамсар дарак медиҳад, махсусан агар бистар паҳну бароҳат бошад. Бинобар ин, ҳамсари шумо набояд нигарон бошад, ки зани нав ба ҷояш меояд.

Агар духтари ҷавон рахти хобро дар хоб бубинад, мегӯянд, ки бахташ бедор мешавад ва ба зудӣ хостгоре пайдо хоҳад шуд. Чунин хобро инчунин нишонаи оғози зиндагии нав медонанд. Вале агар бистар дарида, ифлос ё парешон бошад, ин метавонад аз нофаҳмӣ, ғаму ташвиш ва нооромии хонаводагӣ хабар диҳад.

Худро дар ҷойгаҳ ором хобида дидан низ таъбири нек дорад. Мегӯянд, инсон чизеро, ки аз даст дода буд - хоҳ мол, хоҳ дӯст ва хоҳ имконият, боз меёбад. Аммо агар касе дар хоб бистари худро фурӯшад, инро нишонаи ҷудоӣ аз ҳамсар медонанд. Дар баъзе таъбирҳо омадааст, ки агар завҷаи ӯ бемор бошад, чунин хоб метавонад аз сахт шудани беморӣ дарак диҳад.

Агар шахс дар назди бистари худ боз як бистари дигарро бубинад, таъбиргарони қадим онро аломати тағйироти ҷиддӣ дар зиндагии оилавӣ медонистанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки чунин хоб ба издивоҷи дуюм ишора мекунад. Дар маҷмуъ, кату рахти хоб дар хоб бештар оинаи ҳолати рӯҳӣ, муҳаббат ва осоиши зиндагии инсон ба шумор мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД