Formula novemver 2024
Хоб бинӣ, ки занатро талоқ додӣ, бояд дубора никоҳ кунӣ ё не?
11.03.2022
ОИЛА
1672

Як ҳафте пеш хоби нохуше дидам. Дар хобам бо занам сахт ҷангу ҷанҷол шудем ва ман дар сари қаҳр ӯро талоқ додаму ҳамин дам тарсида бедор шудам.

Ростӣ, ин гапро ба касе нагуфта будам, вале аз рӯзе, ки ин хоби бадро дидам, ҳеҷ орому қарор надорам. Метарсам, ки занам талоқ нашуда бошад ва гунаҳкор нашавем гуфта, бо ҳар баҳона аз ҳамсарам дурӣ меҷӯям. Шӯхиомез ба занам гуфтам, ки занак, биё боз як бори дигар никоҳ кунем, аммо вай ба ҳолам хандида гуфт, ки мабодо девона нашуда бошам. Намедонам чи хел ба занам фаҳмонам, ки дар хобам ман ӯро талоқ додам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Мансур, н. Қубодиён

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Бародари азиз, кори хуб кардед, ки ин гапро ба ҳамсаратон нагуфтед. Мард набояд калимаи талоқро аз даҳонаш барорад. Дар масъалаи хоби дидаатон бошад, ташвиш накашед. Зарурати дубора никоҳ кардан нест, зеро мард дар хобаш ҳамсарашро талоқ диҳад, занаш талоқ намешавад, чунки одами хоб дар ихтиёри худаш нест ва чи кор кардану чи гуфтанашро тамоман намефаҳмад. Ҳар чизе, ки одам дар хоб мегӯяд, эътибор надорад. Аз назари шаръӣ гуфтаи се тоифа беэътимод ҳисобида мешавад ва дар китоби аъмоли онҳо ҳамчун гуноҳ китобат карда намешавад. Якум шахси дар хоб буда, дуюм девона ва сеюм кӯдак.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД