Arzon accountant
Хоб бинӣ, ки фарзандат сахт бемор аст, чӣ таъбир дорад?
607

Ман дишаб то саҳар дар хобам дар ба дари беморхонаҳо мегаштам. Хоб дидам, ки фарзандам бемор шудааст ва бо чашмони пуроб дар долонҳои ким-кадом беморхона гаштугузор намуда, табибонро зорию тавалло дорам, ки ҷони кӯдакамро наҷот диҳанд. Сахт тарсида бедор шудам ва то ба ҳол ошуфтаю парешонам. Илтимос, таъбири хобамро бигӯед.

ФАРЗОНА, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Тавре дар хобномаҳо омадааст, бемор шудани кӯдак дар хоби волидон нишонаи он аст, ки дар ҳаёти шахси хобдида давраи мушкиле оғоз ёфта, боиси ба дипрессия афтоданаш гашта метавонад, вале ба сари худи кӯдак ягон фалокат ё бадбахтӣ намеояд. Мушкилиҳо на ба фарзандатон, балки бо пул, тиҷорат ё кори шумо алоқамандӣ дошта метавонанд.

Падар ё модар хоб бинад, ки фарзандаш бемор ва дар дами марг аст, худи шахси хобдида бо ягон сабаб пули калонро аз даст медиҳад. Эҳтимол шумо дар тиҷорат ё ягон кори дигари бо пул алоқамандӣ дошта фиреб хӯрда, сахт озурда мегардед.

Хоб бинӣ, ки фарзандат сахт бемор шудааст ва базӯр-базӯр нафас мекашад, нақшаҳоят барбод мераванд.

Кас хоб бинад, ки кӯдакаш бемор шудааст ва бо тамоми овоз гиря дорад, ин нишонаи он аст, ки саломатии худи шахси хобдида чандон хуб нест ва агар аз паси табобат нашавад, бемориаш дар оянда авҷ гирифта метавонад. Таб кардани кӯдак дар хоб нишонаи нороҳатӣ аст.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар дар хоби шахс фарзандаш бемор ва маъюб гардад, бояд ба рафтору кирдори худаш диққати ҷиддӣ диҳад, зеро чунин хоб дидан нишонаи он аст, ки одатҳои бадаш натанҳо ба шахси хобдида, балки ба аҳли оилааш низ зиён расонида метавонанд. Ванга таъкид кардааст, ки шахси хобдида бояд дар муносибат бо наздиконаш эҳтиёткор бошад ва дили аҳли оилаашро наранҷонад.

Дар хобномаи исломӣ омадааст, ки бемории кӯдак дар хоб як навъ огоҳӣ аз ҷониби офаридгор аст, ки шахси хобдида бояд нисбат ба фарзандонаш бепарво набошад ва эҳтиёт намояд, то ки ба онҳо ягон хатар таҳдид накунад.

Бояд гуфт, ки аксар вақт падару модарон, махсусан занон ба он хотир чунин хоб мебинанд,ки ҳамеша дар фикри кӯдаконашон ҳастанд. Хавотиранд, ки мабодо ба сари фарзандонашон ягон ҳодисаи нохуш наояд, аз ҳамин сабаб чунин хобҳои парешон мебинанд. Ин нукта дар хобномаҳои чинӣ низ таъкид шудааст. Тибқӣ хобномаҳои қадимии чинӣ бемории кӯдак дар хоб фоли нек буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар асл ягон касалӣ ба фарзанди шумо таҳдид намекунад. Дар баъзе хобнома бемор шудан ва шифо ёфтани кӯдак дар хоб ҳамчун рамзи халос шудан аз қарз ва дигар мушкилоти оилавӣ тавсиф ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД