arzon replenishment
Хоб бинӣ, ки бароят қабр канда истодаанд, мемирӣ ё бой мешавӣ?
1084

Салом! Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир тез-тез марги худро хоб мебинам. Гоҳ дар хобам маро кафанпеч мекунанду гоҳи дигар бароям қабр мекананд. Бемор нестам, дар бораи марг ҳам фикр намекунам. Чаро ҳамеша мурданро хоб мебинам? Метарсам, ки ба сарам ягон фалокат омада, ҷавонмарг нашавам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Амина, ш. Душанбе

 Посух

Натарсед, маргро дар хоб дидан баръакс фоли нек аст. Касе хоб бинад, ки аз олам гузаштаасту ӯро ба водии хомӯшон гусел карда истодаанд, ба ягон кишвари дур ба сафар меравад. Мард ё зани дар ғарибӣ буда хоб бинад, ки мурдааст, сиҳату саломат ба ватанаш бармегардад. Шахси дар зиндон буда хоб бинад, ки мурдааст, аз ҳабс озод мешавад. Кандани қабр дар хоб фоли нек аст. Касе хоб бинад, ки аз ин дунё реҳлат кардааст ва барояш қабр кофта истодаанд, соҳиби пули калон гашта, бою бадавлат мешавад ва барои худ хонаи олиҷаноб месозад.    

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД