Оё бароям ҷоиз аст, ки бо хоҳари занам нишинам ва агар бо ӯ дастӣ салом кунам, таҳоратам мешиканад?
Салим, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бо хоҳари занатон дар ҳузури ҳамсаратон нишастан боке надорад, аммо бо ӯ танҳо нишастан ҷоиз нест, мисли оне, ки бо дигар занони бегона танҳо нишастан. Аммо дар сурати бо даст салом кардан таҳорат намешиканад, то он даме, ки ба зан бо шаҳват даст нарасонад. Агар мард бо шаҳват ба зан даст расонад, таҳораташ мешиканад, хоҳ он зан номаҳрам бошад ё маҳрам.