Шавҳарам бо бародарам ҷанҷол шуда гуфтааст, ки хоҳарат ба ман талоқ аст. Оё талоқи мо воқеъ мешавад?
ГАНҶИНА, ш. Турсунзода
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Хоҳари азиз, масъалаи талоқ бисёр печида ва нозук аст. Шумо бояд ҳар чӣ зудтар ба Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кунед ва уламо қазияи Шуморо пурра таҳлилу ташхис карда, хулоса бароранд.
Вале дар посух ба суоли Шумо мегӯем, ки агар шавҳар ба додарарӯсаш бигӯяд, ки хоҳарат талоқ аст, талоқ воқеъ мешавад. Талоқе, ки инҷо воқеъ мешавад, як талоқ аст. Агар ин талоқи аввал ё дуввум бошад, шавҳар метавонад ҳамсарашро дар муддати идда бозпас бигирад.