sebiston july new
ХОҲАРАМ БА ҶОЙИ МАН ЗАНАМРО ТАЛОҚ ДОДАНИСТ
6053

Ҳар гоҳ, ки чашмаш ба сомонаи «Оила» меафтад, аввал саҳифаи «Муҳоҷир»-ро мекушоям, то аз дарду алами худам барин ғарибон огоҳ шавам.

Пештар ман дар шаҳри Новосибирск кор мекардам. Азобҳои зиёде кашидаам. Дар ҳавои сард дар зери ҳавои кушод кор кардан ба саломатиам бетаъсир намонд, гурдаҳоям шамол кашида варам карданд, вале ба қавли кампиракон «мурдаамро кашола карда» ҳар саҳар ба кор мерафтам, то чор танга пул кор карда ба хонаамон фиристам. Оқибат хунукии қаҳратун маро аз по афтонду бемори бистарӣ шуда мондам.

Рафиқонам чипта харида маро ба Ватан гусел карданд. Модарам ҳоли зорамро дида зор-зор гиря мекард. Чанд моҳ табобат гирифта базӯр ба по бархостам. Волидонам дигар иҷозат надоданд, ки ба Русия равам. Азбаски бачаи кордонам, дар Ватан ҳам хор нашудам. Дар назди хонаамон мағоза кушодам.

Даромади хеле хуб мегирифтам. Пулҳоямро ҷамъ карда аз ҳисоби меҳнати ҳалоли худам тӯйи калони пурдабдаба ороста, зан гирифтам. Пас аз гузаштани чиллаи домодиам маро боз хумори Русия гирифт, ба муқобилияти волидонам нигоҳ накарда чипта хирадаму боз рахти сафар барбастам. Шукри Худо, корҳоям дар ин ҷо хубанд, вале аз рӯзи ба Русия омаданам, хоҳарам бо арӯси ман ҳеҷ соз намегирифтааст.

Ҳар гоҳ занг занам, ҳамсарам аз хоҳарам шиква мекунаду хоҳарам аз занам, гапу калочаашон ба дилам зад. Ҳамсарам мегӯяд, ки хоҳарам «Аҷина, агар ба акаам маъқул мебудӣ, вай туро 40 рӯз пас партофта ба Русия намерафт. Ба умед нашав, духтарҳои парӣ барин хушрӯйи русро монда вай ба назди ту хунукрӯй бар намегардад, ҷилу ҷайдани овардаатро гирифта ба хонаатон рав» гӯён, таъна мезанад, хоҳарам бошад, ҳама айбро ба гардани янгааш бор мекунад.

Аз афташ хоҳарам ба ҷойи ман занамро талоқ доданист. Намедонам чӣ кор кунам, агар тарафи занамро гирам, албатта модару хоҳару бародаронам «занкалон шудааст» гуфта маро маломат хоҳанд кард, ба баҳсашон ҳамроҳ нашавам, зиндагиам вайрон мешавад. Њар чи бодо бод, арӯсамро ба Русия овардан мехоҳам. Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД