goodwell
Хоҷамуминҷон барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид
14.07.2026
Oila.tj
21

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия барои муштзанҳои тоҷик бо 2 медали биринҷӣ ба анҷом расид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар рӯзи нӯҳуми мусобиқа миёни муштзанҳои 19-сола Хоҷамуминҷон Холов дар вазни то 80 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Хоҷамуминҷон дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа аз намояндаи Қазоқистон Тимур Тайбеков бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 шикаст хӯрд.

Ҳамчунин, дар рӯзи нӯҳуми мусобиқа Фариноз Абдуллоева дар вазни то 54 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Фариноз дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа аз намояндаи Ӯзбекистон Сабрина Чакоманова дар раунди дуюм тариқи нокаут мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юм то 16-уми июл шаҳри Ҷакартаи Индонезия мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола аст.

Ҳайати бокси Тоҷикистонро дар мусобиқа 11 муштзан ташкил медиҳанд. Аз ин миён танҳо ба Фариноз Абдуллоева ва Хоҷамуминҷон Холов имкон даст дод, ки соҳиби медалҳои биринҷӣ шаванд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола 430 варзишгар аз 26 кишвари қора ҳунарнамоӣ доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД