formula
ХИТОИБАЧА ДАР КАНАЛ ҒАРҚ ШУД
2459


Вон-лен Вияо, тарҷумони ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Хитой” дар ноҳияи Ёвон ҳангоми моҳидорӣ дар канал сарозер мешавад.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрванди Чин Вон-лен Вияо дар вақти моҳигӣ аз канали магистралии ноҳияи Ёвон сарозер шудааст.

Вон-Лен Вияо 31 сол дошта, тарҷумони ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Хитой” дар шаҳраки нави ноҳияи Ёвон будааст. Муваққатан дар ноҳияи Ёвон бо оила ва ду фарзандаш иқомат доштааст.

Баъд аз се рӯзи ҳодиса ҷасади марҳумро 300 метр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД