Arzon march 2024
Хислатҳои бади мардонае, ки занро гурезон мекунанд
1763

Ҳар як духтар орзу дорад, ки ба марди меҳрубон, дасткушод ва вафодор ба шавҳар баромада, як умр ҳаёти хушбахтона ба сар барад, вале баъзан ишқу муҳаббат чашми занро ба қавле кӯр карда, шахсеро интихоб мекунад, ки аз оини ҷавонмардӣ тамоман бехабар ва аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштааст.

Барои он ки занону духтарони тоҷик дар интихоби бахт хато накунанд, имрӯз дар бораи 5 нишонаи шавҳари хуб нашудани мард маълумот медиҳем.

Марде, ки пур аз эҳсоси манфист

«Ҳавои фач-а?» ва ё «ҳамаи коргаронамонро бад мебинам» гуфтани мард дар вохӯрии аввалин чандон нишонаи хуб нест. Ҷавон танҳо дар мавзӯи «кӣ гунаҳкор ва чӣ бояд кард» гап мезада бошад, беҳтараш аз чунин мард гурезед. Дунёи тираи ин ҷавон пур аз тарсу мушкилоти шахсӣ аст. Шояд чанд муддат бонуи зебо ба нури офтоб дар дунёи тираи чунин мард мубаддал мегардад, вале баъдан ғаши ӯро меорад.

Марди дамдузд

Хуб аст, агар мард қобилияти гӯш карда тавонистанро дошта бошад, вале ба тамоми саволҳо ҷавоби якхела диҳад ва нигоҳашро гурезонад, ҳушёр бошед. Ин ҷо ду вариант аст, шумо ҳеҷ гоҳ ӯро ба гап дароварда наметавонед ё ситораҳоятон ба ҳам мувофиқ нестанд.

Марди худсито

Марде, ки ҳангоми мулоқот танҳо дар бораи мошини қиматбаҳо ва телефони модели охиринаш гап мезанад, ҳеҷ гоҳ шавҳари меҳрубон шуда наметавонад. Дар зиндагӣ шумо бояд як умр ба ӯ хушомад зада гардед, зеро ҷавони лофзан писарбачаи хурдеро ба ёд меорад, ки ҳамеша ба таъриф ниёз дорад. Худро фаромӯш карда, тамоми умр ӯро таърифу тавсиф карда гардед, барояш олиҳаи беҳтарин мегардед, вале аз ӯҳдаи ин кор набароед, вой бар ҳолатон. Андеша намоед, ки оё шумо ба чунин зиндагӣ омода ҳастед? Дар оянда ҳамеша зуқ-зуқ карда «маро касе намефаҳмад» ва«чаро ман чунин бадбахтам» гуфтани мардаки инҷиқ ҷонатонро ба лаб меорад.

Марди бадқаҳр

Ба тарзи роҳгардӣ, қиёфа ва тарзи гуфтори ҷавон диққат диҳед. Бадҷаҳлона рафтор кардани мард аз он далолат медиҳад, ки ӯ худро идора карда наметавонад. Дар оташи рашки ӯ сӯхтану ҳар рӯз косашиканӣ кардан нахоҳед, аз чунин мард гурезед.

Мард не, халтаи проблема

Вампирҳои ҷинси мард занро хаста мекунанд, бинобар ин, вақте ки ҷавони дӯстдоштаатон дар ҳар як мулоқот дар бораи мушкилоти зиндагиаш мегӯяд, сархам нишаста дилсӯзона ба гапаш гӯш накунед. Шумо модари ӯ нестед. Ҳангоми аз зиндагӣ шиква кардан ҷавон мисли гул шукуфон бошад, донед, ки вампири энергетикӣ аст. Албатта ба ҳоли чунин мард раҳм кардан мумкин аст, вале ба зиндагиятон роҳ доданро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД