Arzon march 2024
Хислати мард аз рӯйи ранги чашмонаш
3025

 

Дар байни мардуми тоҷик андешае вуҷуд дорад, ки захми чашми одами чашмкабуд сангро мекафонад. Албатта ин фақт як хурофот аст, вале ранги чашми инсон хислаташро бозгӯй карда метавонад. Мехоҳед донед, ки марди дӯстдоштаи шумо чи гуна инсон аст? Пас аз ранги чашмонаш диққат диҳед!

 Мардони чашмсиёҳ

хислати мард аз рӯи чашмони сиёҳ

Марди дӯстдоштаатон чашмони сиёҳ дошта бошад, бидонед, ки дар хона ба ягон кор даст намезананд, вале дар ҷойи кор бисёр масъулиятшинос ва меҳнаткаш аст. Таззод дар он аст, ки ин тоифаи мардон тамоми ҳастии худро ба кор бубахшанд ҳам, хеле кам ба курсии сарварӣ мешинанд. Мардони чашмсиёҳ инҷиқ ва худпараст мешаванд, вале дили нозук доранд. Марди сиёҳчашм бо як нигоҳ ошиқ мешаванд, вале агар ягон рафтори ноҷои занро бубинад, ба зудӣ аз маҳбубааш дилсард мегардад. Ин тоифа хиёнати худашонро чизи муқаррарӣ меҳисобанд, аммо бевафоии занро намебахшанд. Барои модараш фарзанди беҳтарин, бодиққату меҳрубон аст ва ин сабабгори муноқишаи байни зану шавҳар мегардад.

 

Чашми хокистарӣ

 

Хислати мард аз рӯи 2

 

Мардони чашмонашон хокистарӣ дар ҷавонӣ дар интихоби арӯс хеле нозуктабъ буда, ҳатман дар ҳар як бону камбудиҳои зиёд меёбанд. Ин мард ба касе дил бубандад, бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад. Маҳз бонувон мурғи илҳоми чунин мардонро ба парвоз меоранд. Аз он ки арӯсаш ба ӯ чӣ гуна тъсир мерасонад, комёбиву нобарориҳояш вобастагӣ дорад. Зани боҷуръату қавиирода насибаш гардад, дунёро ба даст меорад, рафту бо зани данбал ҳамхона шавад, барои беҳбудии рӯзгор кӯшиш нахоҳад кард.

 Чашмони сабз

хислати мард аз рӯи чашмони сабз

Мардони чашмсабз хотираи қавӣ, ақли расо ва қобилияти аз худ намудани тамоми касбу корро доранд, вале шарми модарзодӣ имкон намедиҳад, ки қобилиятҳояшонро нишон диҳанд. Ин хислаташон ба зарари пешравӣ дар мансаб мегардад. Мардони чашмсабз кормандони бовиҷдонанд. Хеле кам кӯшиши сарвар шуданро мекунанд, коргари қаторӣ будан барояшон осонтар аст. Хеле бадқаҳр, вале бе кина ҳастанду хафагиро ба зудӣ фаромӯш мекунанд. Бо душворӣ ошиқ мешаванд, вале танҳо як касро дар умри худ дӯст медоранд. Оила барояшон даргоҳи муқаддас ва маънии ҳаёт аст.

 

Чашми кабуд

хислати мард аз рӯи чашми кабуд

Нафароне, ки чашмони кабуд доранд, дар пиронсолӣ ҳам кӯдаквор рафтор мекунанд. Қисми зиёди чашмкабудон коргарони хубу мутахассисони олидараҷа ҳастан. Табъашон зуд-зуд тағйир меёбад. Якраванд, вале зуд муноқиша намекунанд. Нафаре ки марди чашмкабудро меранҷонад, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Чашмони қаҳваранг

хислати мард аз рӯи чашми обшиjpg

Мардони чашмонашон қаҳваранг ба назар орому бекина менамоянд, вале дар асл бисёр якрав буда, пеши касе гардан хам намекунанд. Худпарастанд ба бо кадом роҳе набошад, ҳатман ба курсии сарварӣ нишастан мехҳанд. Аксаран ба мақсад мерасанд. Дар ишқу муҳаббат вафодор нестанд, вале занҳояшон аз ишқбозиҳои шавҳар бехабар мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД