formula
Хирс Lamborghini шайхи арабро шикаст
1285

 

Дар шабакаи интернет навори видеоие паҳн гардидааст, ки дар он хирси шахсии шайхи араб Ҳумайд Абдулло Албукаиш дари мошини итолиёвии Lamborghini Huracan Performante-ро, ки тақрибан 274 ҳазор доллар арзиш дорад, канда мепартояд. Худи шайх дар зери видеои мазкур навиштааст: "Бидуни шарҳ". Дар сабт дида мешавад, ки шайх дар курсии ронанда нишаста, ба ҷонвар себ дароз мекунад. Хирс ба мошин аз тарафи дари дигар наздик шуда, бо панҷаҳояш ба дари он такя мекунад. Баъд аз лаҳзае дари мошин канда шуда, ба замин меафтад. Хирс тарсида, ба як тараф мепарад. Шайх бошад, бо садои баланд механдад. Тавре маълум аст, хирси мазкур дар боғи ҳайвоноти шахсии шайх бо палангу шер ва дигар ҷонварон нигоҳубин карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД