arzon replenishment
ХИЁНАТКОР МЕКУШАМАТ
2989

 

Муҳиб дигар сари роҳат намебароям. Дигар аз пасат девонавор намедавам. Ишқи туро дар  дилам мекушам. Кӯшиш мекунам, ки фаромӯшат кунам, зеро тоқати хиёнати кардаатро бо найрангҳоятро надорам.

Дар зиндагӣ  ишки поки маро зери по кардӣ, ҳатто фикри фарзандонатро накарди вале бо ин ҳама бевафоиҳот зиндагиамонро паси сар карда аз пушти арусат хонаро тарк карда баромада рафтӣ.

Кош аз аввал дӯстат намедоштам ва ин дили зардобамро дар ғамат хун намекардам. Талхии заҳри хиёнати ту аз талхии марг бадтар аст, кошкӣ дар зиндагониямон мемурдаму заҳри хиёнататро начашида аз олам мерафтам. Медонӣ, чи қадар дард мекашам? Гоҳо он қадар ҳолам бад мешавад, ки мехоҳам диламро аз қафаси сина канда партоям. Бевафои хиёнаткор, наход ба ҳоли ману фарзандонат  раҳмат наояд?!

Фаромӯш накун, дар ду дунё ту дигар мисли ман зани вафодор намеёбӣ! Ман будам, ки тамоми нозу нузатро мебардоштам ва туро тоҷи сар мекардам. Ишқи ман пок буд ва пок мемонад. Бирав бевафо, ба ҳаққи ҳамон худои бузурге, ки ин ишқи бузургро дар дилам ҷой кардааст, туро мебахшам ва бароят бахти сафед мехоҳам!

Марҷонаи шаҳрӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД