Arzon march 2024
Хиёнати зани ҳамсояро ба шавҳараш гӯям ё нагӯям?
864

 

Ҳамсояи ман дар набудани шавҳараш бадахлоқӣ мекунад. Ӯ бо марди бегонае алоқа дорад. Ман чанд бор шоҳид шудам, ки марди бегона ба хонаи ӯ меояд.

Ман дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунам? Оё ба шавҳари вай хабар диҳам?
Самариддин, хонандаи “Оила”.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бародари азиз, ин масъала бисёр нозук аст. Шумо аввал кӯшиш кунед, ки ба ин зан ғалат будани рафтору амалашро фаҳмонед. Агар ӯ ба насиҳати шумо гӯш диҳад ва аз амали гуноҳомезаш даст кашад, айби ӯро пинҳон кунед.

Пинҳон кардани гуноҳи нафаре дар сурати тавба карданаш савоб аст. Вале агар ӯ (бар анҷом додани гуноҳ) исрор варзад ва ба ӯ насиҳат кунанд, вале ӯ тавба накунад, пас дар ин ҳолат, ба шавҳараш хабар бидиҳед, то бистари ӯ фосид нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД