Formula novemver 2024
Хиёнати зан дар хоб чӣ таъбир дорад?
3931


Салом! Бузургтарин гуноҳе, ки кас дар зиндагӣ содир карда метавонад, ин хиёнат аст. Махсусан хиёнати зан гуноҳи нобахшиданӣ буда, ягон марди бо нангу номус ин доғро ҳаргиз фаромӯш карда наметавонад.

Хиёнати зан ҳатто дар хоб низ барои мард ҷигарсӯз ва ҷонкоҳ аст, аз ҳамин хотир мехостам донам, агар мард хоб бинад, ки занаш ба вай хиёнат кардааст, хоби дидааш чӣ таъбир дорад?

Посух
Дар ҳақиқат хиёнат доғи ҷигарсӯзест, ки захми он солҳои сол аз дили шахси хиёнатдида намеравад. Аз ҳамин сабаб аксари одамон, махсусан мардуми мусалмон, хоса мардони мусалмон хоб бинанд, ки занашон хиёнат кардааст, худро дарун ба дарун хӯрда, чанд рӯз ба худ омада наметавонанд. Дар асл хоб дидани хиёнати ҷуфти худ ҳанӯз маънои онро надорад, ки ёратон шуморо дӯст намедорад ё бо шахси дигар муносибатҳои ошиқона дорад. Кас бар асари хастагии сахти рӯҳӣ, асабонияти шадид, депрессия ё дар як кунҷаки дилаш пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба ҳамсараш чунин хобҳои ҳавлангез дида метавонад, вале...

Агар шумо ба ҷуфтатон сад дар сад боварӣ дошта бошед, байнатон ягон нофаҳмию дилозурдагӣ набошад, муносибатҳоятон самимӣ бошанд ва бе сабаб чунин хоб дида бошед, хобатон метавонад ишорат бар он намояд, ки дар байни атрофиёнатон шахси бадхоҳе ҳаст, ки оилаи ободи шуморо бо туҳмату иғвогарӣ вайрон кардан мехоҳад. Мард хоб бинад, ки марди дигаре ба занаш паёмак ё номаи ошиқона навиштааст, байни ӯ ва ҳамсараш аз рӯйи ягон зани бегона ҷангу ҷанҷол ба миён меояд. Аммо зан хоб бинад, ки дар куртаи шавҳараш нақши лабсурхкунаки занона пайдо шудааст, бояд эҳтиёткор бошад, зеро чунин хоб аз пайдо шудани рақиб ё сар задани моҷарои калони оилавӣ бар асари рашк дарак медиҳад.

Дар хобаш касе дар бораи хиёнати занаш ба мард хабар диҳад, на дар оила,балки дар ҷойи кораш ягон мушкилӣ ба вуҷуд меояд.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани хиёнати ҳамсар аз оғози даврони душвор дар ҳаёти шахси хобида, барбод рафтани нақшаҳои ӯ ва аз даст додани боварӣ мебошад.

Аммо ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст,ки хиёнат дар хоби мард баръакс рамзи ғалаба ва бою бадавлат шудани шахси хобдида аст, вале зан чунин хоб бинад, гузаштаи ғамангезаш ба ёдаш омада, ӯро дубора ба гирдоби дарду ғам ғуттавар месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД