sebiston july new
Хиёнати арӯсро ба акоям гӯям?
01.04.2023
ОИЛА
2374

Ман Назира, донишҷӯ ҳастам. Ба наздикӣ бародарам бояд бо духтари ҳамсоя оиладор шаванд. Азбаски бо келиншаванда як ҷо ба воя расидаем, дирӯз ба хонаашон рафта будам.

Баъди каме пурсупос духтари ҳамсоя телефонашро наздам гузошта, ба рӯи ҳавлӣ баромад.

Ҳамин дам ба телефонаш смс омад, вақте ӯро садо кардам, бо коре банд буду дарҳол наомад. Тасодуфан ба паёмак чашм дӯхтам.

Дӯсти наздиктарини бародарам, ки ман ӯро хеле хуб мешиносам, ба келини ояндаи мо акси ҳардуяшон гирифтаро фиристода, навиштааст, ки “то охири умр аз ёдам намеравӣ!” Ҳушам канду бе иҷозат ба саҳифаи паёмакҳояшон даромадам.

Духтари ҳамсоя, ки ба назари ман хеле ботақво менамуд, бо ҷӯраи наздики бародарам чунон гапҳои фаҳш навишта буданд, ки аз мутолиааш ҳуш аз сарам парид. Ин дӯсти намакхӯрдаи хонаводаи мо ҳамагӣ 6 моҳ пеш зан гирифта буд. Ман сахт ба ғазаб омада, телефони ӯро гузоштаму давида ба хона омадам.

Бародарамро бисёр эҳтиром мекунам. Ӯ дар шаҳр ба тиҷорат машғул аст. Аламам кард, ки дӯсти наздик ва дӯстдоштааш ӯро фиреб мекунанд. Бародарам ба ин ду нафар сахт бовар дорад. Дили ӯро шикастан хеле бароям дарднок аст. Чанд рӯз боз сабру қарор аз даст додаам, намедонам чӣ кор кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Ориф 2023-04-01, 12:45
Хубтараш ба акаат накл кун
Посух
Бахриддин Файзиев 2023-04-06, 06:18
Хохар. Илочи вокеъа пеш аз вукуъ. Бародаратонро фахмонед. То ки оянда калимаи даюсро насиби худ накунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Ориф 2023-04-01, 12:45
Хубтараш ба акаат накл кун
Посух
Бахриддин Файзиев 2023-04-06, 06:18
Хохар. Илочи вокеъа пеш аз вукуъ. Бародаратонро фахмонед. То ки оянда калимаи даюсро насиби худ накунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД