Sebiston new 2024 october
ХИËНАТ Қисми 4
2319

Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ!
Чанд рӯз қабл мо се қисми қиссаи “Хиёнат”-ро манзури шумо гардонида будем, вале бо баъзе сабабҳо дар рӯзҳои истироҳат натавонистем қисматҳои дигари қиссаро пешкашатон созем. Инак, ин шом қисми 4-уми ин қисса манзури хонандагони сомона мегардад.

хххххххххххх
-Акнун мурам ҳам бо Шумо мемирам,-мегуфт Фирӯза ба шавҳараш.
Бо ҳамин рафтоир ҷавонзан тағйир ёфта, тамоми меҳру муҳаббати худро ба ҳамсараш бахшид. Фаррух аз дигар шудани Фирӯза гул-гул мешукуфт.
-Салом Фаррухҷон! Нағз омадед?-мепурсид ҳар шом бо меҳрубонӣ арӯсак.
- Шукр, раҳмат.
- Тезтар либосатонро иваз карда биёед. Ҳамроҳи модарҷонам кабоб пухтем. Мо то омадани Шумо чизе нахӯрдем, ки якҷоя хӯрок хӯрем. Фаррух зуд рафта либосашро иваз кард, вале вақте ки дасташро ба киссааш андохт, дасташ ба қоғазе расид. Вай қоғазро кушода диду аз хурсандӣ дод гуфта фиристод. Ӯ дарҳол давида назди ҳамсараш рафт ва бо чашмони лабрези шавқу ҳавас пурсид:
- Фирӯза, рост аст, ки ман падар мешавам?
Фирӯза бо аломати ризо сар ҷунбонд.
-Раҳмат азизам, раҳмат,- гӯён Фаррух арӯсашро рӯйи даст бардошта, мисли кӯдак чархондан гирифт.
- Пастар ҳозир ҳама мешунавад,- бо нз гуфт Фирӯза.
-бигзор шунаванд! Бизгор ҳама шунаванд, охир аз хурсандии зиёд ман дар куртаам намеғунҷам. Ту имрӯз дам гир, хӯрокро манн худам кашида меорам!
Фаррух кабобро овард ва бо меҳрубонӣ” бисёртар хур, акнун барои ду нафар зиндагӣ мекунӣ” гӯён, бо дасти худ луқмаҳоро ба даҳони занаш андохтан гирифт...
Онҳо ба рӯйи ҳамдигар бо меҳр нигариста, шукр мекарданд, ки Худованд чунин бахти бузургро насибашон гардонидааст...
ххххххххххххххх
Як дӯсти Фаррух дар корхона аз ӯ хоҳиш кард, ки телефонашро дода истад.
-Фаррух телефонатро деҳ, як корро бояд ҳал кунам,-хоҳиш намуд ӯ нимаи дуюми рӯз.
-Чӣ кор будааст? –пурсид Фаррух кунҷковона.
-Бояд бо як кас вохӯрам. Шаб вақт дорӣ, туро ҳам мебарам!?
- Не, ман аз ин корҳо ҳафт не, ҳафтод қадам дурам. Ба ту ҳам тавсия медиҳам, ки корҳои бадатро бас кун, зеро дар Қуръони Карим гуфта шудааст, ки занони пок барои мардони пок аст.
- Шуд, шуд, соати тарбиявиро баъд мегузаронӣ.
- Ма, гир лекин пасон ҳамаашро тоза кун.
- Окей…
ххххххххххххххх
Фирӯза саҳифаи телеграми Фаррухро ба телефони худаш насб карда буд. Ҳар он чизе, ки Фаррух ба ин ё он нафар менавишт ба Фирӯза ҳам меомад. Фаррух аз ин кори завҷааш хабар надошт.
Фирӯза дар хона нишаста аз телеграм навору видеоҳои гуногун тамошо мекард. Нохост дар саҳифаи телеграми Фаррух паёмаке омад. Фирӯза аввал эътибор надод, аммо баъд ҳисси кунҷкобияш боло гирифта, нагузошт, ки нисбати ин чиз бетафовут монад. Ӯ ба саҳифа ворид шуда як-як ба хондани паёмакҳо шурӯъ кард.
- Бегоҳ вақт дорӣ азизам?
- Кӣ Шумо нашинохтам?
- Нашинохта мондӣ акнун!
- Ҳаа Шумо, омадан гиред.
- Чи барам?
- Танҳо як шиша пива бошад шуд.
Фирӯза ин паёмҳоро хонда аз худ бехуд шуд. Себи газидае, ки дар даст дошт ба замин ғелид.
- Охир Фаррух… чаро… ин хел шуданаш номумкин… - Сари Фирӯза тоб мехӯрду чӣ кор карданашро намедонист. - Наход ӯ то ин дараҷа вайрон шуда бошад...
Ӯ давоми навиштаҳоро хондани шуд, аммо дид, ки ҳамааш тоза карда шудаанд. Дунё барояш танг намуд....
ххххххххххххххххххххххххх
Салом Фирӯза хуб ҳастӣ. Либосҳоямро тайёр кун, имшаб бо дӯстонам нишаст дорем. Бе ин ҳам дер шудааст.
“Ба чашмонам нигариста дурӯғ мегӯяд. Дав ба назди ҳамон сабукпо” мегуфт дар дил худ ба худ Фирӯза бо қошу қавоқи овезон.
- Фирӯза аҳволат хуб аст?
Ҳм…
- Хайр азизам ман рафтам.
Фирӯза бо нигоҳи дуру дароз Фаррухро гусел намуд. Айни ҳол ӯ чӣ кор карданашро намедонист. Телефонашро гирифту аз қаҳр ба Нурдин паёмак навишт.
- Салом Нурдин хуб ҳастӣ?
-Салом Фирӯза. Офтоб аз куҷо баромад, ё бо шавҳарат ҷанг кардӣ?
- Шуморо ёд кардам. Як чизро гӯям ӯ арӯсбоз будааст.
-Оҳо… Ин қадар таърифҳоят куҷо шуд?
- Шумо ҳам маро азоб надиҳед.
Майлаш- майлаш, сурататро фирист.
Бо ҳамин боз сӯҳбатҳои Фирӯза бо Нурдин оғоз ёфт…
Фаррух қариб соатҳои 11-и шаб ба хона омад, аммо Фирӯза намехост ҳатто ба вай нимнигоҳе кунад. Ӯ аз Фаррух хеле сахт ранҷида буду ҳамроҳаш гап намезад.
- Фирӯза тинҷӣ аст?

- Не нотинҷӣ,бо овози гиряолуд дод зад Фирӯза...

( Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД