Sebiston new 2024 october
ХИËНАТ (Қисми 10)
06.01.2022
ОИЛА
4165

 

Падари Фаррух зуд омаду писарашро гирифта рафт. Вай он қадар бисёр нӯшида буд, ки ба пояш базӯр рост меистод.

Саҳар вақте аз хоб хест, сараш сахт дард мекард ва ягон чиз дар хотираш намонда буд.

Падар назди писар омада насиҳати бисёр карду гуфт:

-Хатои худатро худат ислоҳ кун, бо ҳар роҳе, ки метавонӣ, аммо дигар шаробнӯшиятро набинам!

Фаррух бо сари хам аз карда пушаймон менишаст. Ӯ хеле таассуф мехӯрд…

ххххххххххххххххххххх

- Мурам аз дасти Шумо халос мехӯрда бошам?!

- Ин илоҷ надорад, чунки ман ҳам зуд аз қафоят меравам.

- Девона! Чаро намефаҳмед, охир якҷоя шудани мо мумкин нест.

- Барои чӣ? Холаҳои фолкушоят чунин гуфтанд?

- Ман ин гуна холаҳо надорам.

-Фирӯза бо хуби таслим шав. Набошад туро ором намегузорам.

Арӯсак ҳеҷ чиз нагуфт. Вай ба як тарафи кати боғ нишаста сарашро маҳкам дошт. Фаррух боз ба гап даромад:

-Чӣ кор мекунем, ҳамаашро аз нав оғоз мекунем?

Фирӯза боз сукут ихтиёр кард.

-Агар розӣ нашавӣ, ҳозир бо овози баланд туро дӯст доштанамро мегӯям. Фикр мекунӣ наметавонам?

-Чӣ кор ки кунед, -гӯён Фирӯза хеста рафт.

Фаррух рафтани Фирӯзаро дида бо тамоми овоз дод зад:

-Фирӯзаааааааа, ман туро дӯст медорааааам!!!!

Атрофиён ин манзараро дида хандиданд. Фирӯза бошад “девона, ин ҷо пур аз духтар бошад, кӣ медонад, ки ман Фирӯза ҳастам”гуфт. Фаррух боз дод зад, вале ин дафъа “куртаи сурхпӯш, сумкачаи сиёҳдор, Фирӯза, ман туро дӯст медорааам”гуфта, бо тамоми овоз дод мезад.

- Шумо ақлатонро хӯрдаед. Чӣ кор кунам, ки хап мешавед?

- Розӣ буданатро гӯй тамом. Канӣ- канӣ розӣ ҳастӣ?

   Фирӯза табассуми малеҳе карду "розӣ ман" гуфт. Фаррух ураааа гӯён дод мезад. Ӯ аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид.

Бо ҳамин онҳо боз якҷоя шуданд. Фирӯза тамоман тағйир ёфта буд. Ҳарду ҳам гузаштаро фаромӯш карданд. Дили онҳо акнун моломоли муҳаббат буд. Дар яке аз ҳамин рӯзҳои пурмуҳаббат, Фирӯза барои шавҳараш хӯроки нисфирӯзӣ омода карда фиристод. Фаррух вақти нисфирӯзӣ таомро кушода хӯрданӣ шуд. Нохост дид, ки дар даруни хӯрок қуттиӣ "киндер" ҳаст. Вай ҳайрон шуда, онро кушод. Дар қуттӣ қоғазчае буд, ки дар он чунин навишта шуда буд. "Азизам, хуб ҳастед? Шуморо сахт ёд кардам. Агар малол наояд, ба киссаи чапи костюматн як назар кунед."

Фаррух саросема ба киссааш даст кард. Боз қоғазе баромад. "Имрӯз хеле хурсандам. Бо шумо як шӯхӣ кунам гуфтам. Хайр майлаш, киссаи пушти брюкро бинед."

Фаррух аз киссаи шимаш боз қоғазеро гирифт. "Шуд. Дигар фиреб кардан нест. Рӯймолчаатонро кушоед, Шуморо "сюрприз" интизор аст."

Фаррух бо шавқ рӯймолчаашаро кушод. Дар он боз дар қоғазе чунин навишта шуда буд. "Фаррухҷон табрик мекунам. Фарзандамон ҳашт ҳафтаина шуд."

   Фаррух аз хурсандии зиёд дар куртааш намеғунҷид. Ӯ корро партофта як қуттӣ шоколад ва дастагули зебое гирифта ба хона рафт. Зиндагии ширини онҳо боз аз нав оғоз шуд.

Абдуғаффор Шодиев

( Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Р/С

 

Оила макони муқаддас аст ва ҳеҷ гоҳ ХИËНАТ-ро намебахшад. Албатта, касе ки хиёнат мекунад, ба "мукофот"-и амалаш сазовор мегардад. Аксари ҷавонон мехоҳанд духтаронеро ҳамсар интихоб кунанд, ки бо шарму ҳаё ва пок бошад. Аммо худашон чӣ? Ба ин амал мекунанд???   Дар китоби муқаддаси илоҳӣ Қуръони Карим гуфта шудааст, ки занони пок барои мардони пок. Пас пок гардед, то покро соҳиб шавед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД