То хона даромадани Фаррух, Фирӯза ҳамаи он навишта ва расмҳое, ки дар телеграм ба Нурдин фиристода буд, тоза (удалит) кард. Баробари даромадани шавҳараш ба хона ӯ мисли ҳарвақта парида аз ҷояш бархост ва шавҳарашро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт.
-Ассалому алайкум. Хуб ҳастед Фаррух, хаста нашуда омадед,- меҳрубонона аҳволпурсӣ мекард Фирӯза.
- Нағз, раҳмат. Чӣ ҳол дорӣ?
- Хӯрок омода аст, кашам?
-Ҳа.
- Чой мехӯред ё қаҳва?
- Чойи гарм.
- Бо лимон ё шакар?
- Бо ту!-Фаррух дастони Фирӯзаро дошта ба чашмони ӯ нигарист,-туро чӣ қадар дӯст доштанамро донӣ буд! Корро тамом кардаму рост ба назди ту шитофтам. Азизам, туро сахт ёд кардам. Чаро имрӯз занг задам ,гӯширо набардоштӣ?
- Хобам бурдааст, нафаҳмидаам. Тинҷӣ буд?
-Тинҷӣ, танҳо хостам садои ширини туро шунавам.
Фирӯза табассум намуду ӯ ҳам дӯст доштанашро гуфт.
Фаррух ягон маротиба телфони ҳамсарашро тафтиш намекард, зеро аз худаш ҳам зиёдтар ба вай боварӣ дошт.
ххххххххххххххххххххххх
- Чи ҳол дорӣ, Фирӯза?
- Дар рӯзи якшанбе зиқ монда нишастаам.
- Шавҳарат дар куҷо?
-Шиштааст компютер бозӣ карда. - Фирӯза расми шавҳарашро, ки бо компютер кор мекард, гирифту ба Нурдин равон кард.
- Эҳе, кори дигар надорад ин аҳмақ!?
- Намедонам.
Фирӯза оҳиста аз хона баромада ба ҳуҷраи дигар даромад ва бо ҳар хел либос расм гирифта ба Нурдин равон кард. Аз он расмҳое, ки гирифт ба Фаррух ҳам фиристод. Нурдин аз расмҳои Фирӯза ба ваҷд омаду ду-се суханҳои ширин навишта фиристод. Қариб баъди як соат ба хонае, ки Фирӯза расм мегирифт, Фаррух даромад.
- Бисёр зебо шудаӣ.
- Аз бекорӣ зиқ шудам.
-Маро бубахш азизам, аз бисёрии кор бо ту натавонистам сӯҳбат кунам.
- Ҳеҷ гап не. Расмҳои фиристодаам ба Шумо маъқул шуд?
- Бале, бениҳоят маъқул шуданд, охир ту азизу ягонаам ҳастӣ. Фақат дигар ин тавр накун.
- Чаро?
-Ман туро аз худам ҳам рашк мебарам. Телефон гуфтани техника бисёр чизи хатарнок аст.
- Шуд - шуд дигар ба Шумо сурат намефиристам.
- Фирӯза! Гап дар ин нест. Имрӯзҳо дар интернет одамҳои ҳархела баромадаанд. Онҳо расмҳоро гирифта метавонанд шантаж кунанду ба ин восита маблағ ба даст оваранд… Ғайр аз ин, ман намехоҳам, расмҳои ҳамсарам дар саҳифаҳои интернет гардиш кунанд.
ххххххххххххххххх
Фирӯза баъди андак вақт боз вориди саҳифаи интернетии худ шуд ва дид ки интернети Нурдин ҳам гирён аст.
- Нурдин аз Шумо як чиз пурсам.
- Марҳамат азизам.
- Ҳамсаратон телефон истифода мебарад.
- Бале.
-Аз дунёи баргарданда наметарсед? Агар бо ҳамсари Шумо ягон нафар алоқаи телефони дошта бошад, чӣ кор мекардед? Нурдин! Ман ба ҳамааш хотима медиҳам, илтимос дигар ба ман ҳеҷ чиз нафиристед.
-Ту хоб дида истодаӣ Фирӯза?
-Не, танҳо намехоҳам дигар ба шавҳарам хиёнат кунам. Дигар дар гирдоби залолат ва азоби виҷдон зиндагӣ кардан намехоҳам.
- Майлаш ихтиёрад.
Фирӯза оҳи сахте кашид. Аз барвақт фаҳмидани хатоҳояш дилаш каме таскин ёфт. Ӯ ҳамаи он чизе, ки ба Нурдин фиристода буд, тоза кард. Баъди андак назди Фаррух нишасту бо меҳру муҳаббати ҳақиқӣ ба сӯяш нигоҳ кард.
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)