Амаки Солеҳ чанд сол боз дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад. Ин субҳ модарам гуфт, ки ӯ бо мадади хешутабор ба хонааш занеро бо ду кудак овардааст. Писараки зан Ҷовид ва духтараш Дилноза ном дошт.
Баъди марги ҳамсар ҳамасоягон ва хешу табораш ба амак маслиҳат медоданд, ки барои нигоҳубини се фарзанзандаш дигарбора зан гирад. Амаки Солеҳ баъди як соли вафоти занаш, яъне баъди додани сари соли ӯ розӣ шуд, ки бори дигар оиладор шаванд.
Баъд аз се рӯзи шунидани ин хабар як саҳар амак писарашро гирифта, ба хонаи мо омад. Ӯ номи маро гирифту чанд фарёд кард. Баробари шунидани номам зуд аз ҷой хестаму давида, ба бурен баромадам ва “биёед, амакҷон”, гуфтам, вале ӯ “раҳмат” гӯён, бо ишораи сар маро ба пешаш даъват кард. Вақте аз зинапояҳо фаромадам, гуфт, ки “Ҷовид ҳамсоли ту аст ва ӯ ҳам дар сифи панҷум мехонад. Либосҳоятро пӯшу якҷоя ба мактаб равед. Акнун ҳардуи шумо дӯстед”.
Давида ба хона даромадаму тез - тез либосҳоямро пўшида баргашта ба берун баромадам. Ҳатто наҳорӣ ҳам накардам. Ҳамроҳи амаки Солеҳ ва писараш Ҷовид ба мактаб рафтем. Дар мактаб Солеҳамак ба роҳбари синфамон дар бораи Ҷовид чанд сухан гуфт. Директор эълон кард, ки минбаъд Ҷовид ҳамсинфи нави мост. Муаллим ӯро ҳамроҳи ман дар партаи пеш шинонид ва таъкид кард, ки минбаъд ҳамеша ҳамроҳи ман шинад.
Ману Ҷовид хар рӯз якҷоя ба мактаб рафта, ҳамингуна ба хона меомадем. Дар як муддати кӯтоҳ ману Ҷовид бо ҳам чунон унс гирифта, дӯст шудем, ки бе якдигар ба ягон ҷой намерафтем. Амак Ҷовид ва хоҳараш Дилнозаро мисли фарзандони худ медонист. Модари онҳо низ фарзандони амаки Солеҳро чунон нигоҳубин мекарду онҳоро “фарзандони худам”, гуфта, ҷеғ мезад, ки гӯё модари аслиашон бошад. Занак кӯшиш мекард, ки онхо бемодариро эҳсос накунанд.
Ҳамин тавр, солҳо мегузашт ману Човид аз якдигар ҷудо шуда наметавонистем. Ҳатто нафаҳмида мондем, ки чӣ гуна аз як синф ба синфи дигар мегузаштему ниҳоят ба синфи ёздаҳ қадам гузоштем. Ҷовид хонандаи аълохон ва яке аз фаъолони мактаб буду дар ҳама маҳфилу ҷашнвора ва корҳои ҷамиятии мактаб фаъолона иштирок мекард. Ӯ кӯшиш менамуд, ки ҳамеша дар боварии устодон бошад. Муаллимон низ дар маҷлисҳои синфӣ ва маҷлиси падару модарони мактаб ӯро ҳамеша таъриф мекарданд.
Дар яке аз рӯзҳои фасли зимистон ману Ҷовид ҳамроҳи дигар мактаббачагон барфбозикунон ба хона меомадем. Ҳангоми барфбозӣ Ҷовид ба замин хам шуду бо дастонаш барфҳоро кулула намуда, ба тарафи тӯдаи бачаҳо ҳаво дод. Онҳо ба ҳар тараф гурехтанд ва тир рафта, рост ба қафаси синаи як духтарак, ки дар сифи даҳум мехонд, расид. Духтар Сайёра ном дошт. Баъди задани барф Сайёра як ба тарафи Ҷовид нигоҳ карду оҳиста ба замин нишаст. Дӯсти бечораи ман аз тарси зиёд давида ба назди духтар омаду бо забони гирифта аз ў бахшиш пурсид. “Ман туро задан намехостам. Барф нохост ба ту расид. Маро бубахш!”, - гуфт бо овози канда – канда Ҷовид.
Духтар лаҳзае ба чашмони Ҷовид нигоҳ карду “ҳеҷ гап не” гуфт ва аз ҷояш хеста, ба самти боло равон шуд. Ҷовид баъд аз рафтани ӯ муддате аз пасаш нигоҳ карду баъд оҳиста - оҳиста роҳ сӯи хонаашонро пеш гирифт. Ҳагоме ба ҳавлиашон ворид шуд, ранги рӯяш тамоман парида буд. Модараш ин ҳолатро дида, даррав ба саволу ҷаво гузашт: “Ҳа писарам, ба ту чӣ шуд? Чаро ранги рӯят канда аст? Магар, ягон муаллимат ҷанг кард? Ҳамсинфонат асабӣ карданд? Гап зан, бачаҷон!”
“Чизе нашудааст, модарҷон”, - гуфта, Ҷовид ба хонаи хобаш даромад. Ӯ хеле фикр кард, ки чӣ гуна кулулаи барф рафта, маҳз ба он духтар расид. Ҷовид барои ин кораш худро сарзаниш мекард.
Шаб ҳам фаро расид. Ҷовид ба фикру хаёл дода шуда, то субҳ хоб накард. Субҳ барвақт аз хоб хесту субҳонаашро нахӯрда ба мактаб равон шуд. Дар ҳавлии мактаб нохост бо Сайёра рӯ ба рӯ гашт. Ин дафъа ҳам барои оби кардани яхи дили духтарак бори дигар аз ў бахшиш пурсид. Духтарак хандакунон ба чашмони Ҷовид нигоҳ кард, вале аз шарм сурх шуду давида ба синфашон даромад.
Баъди рафтани духтарак Ҷовид аз паси ӯ то занг шудан нигоҳ карда истод. Бачаи бечора дар ҳавлии мактаб шах шуда меистоду табасумҳои духтарак то дер боз мисли лентаи кино пай дар пеши чашмонаш давр мезад. Пас аз ин ҳодиса Ҷовид рӯз ба руз тағйир ёфтан мегирифт. Фикру хаёли ӯ ҳамеша бо Сайёра банд буд ва ҳис мекард, ки дар дилаш нисбати ӯ аллакай донаи муҳаббат коридааст.
Ҷовид шабе хоб дид, ки ҳангоми бозӣ афтида, сару рӯяш пур аз хоку хун шудааст ва касе ба ў наздик намешавад. Ногаҳон аз куҷое Сайёра пайдо шуду рӯймолчаашро бароварда, сару рӯи бачаро тоза кард ва дасташро гирифта аз ҷой хезонд. Дар ин лаҳза касе омада, бо зӯрӣ дасти Сайёраро аз дасти бача ҷудо кард. Ҷовид тарсида аз ҷояш хесту дар пешаш касеро надид. Дигар то субҳ хобаш набурд. Фақат симои Сайёра дар пеши назараш буду тамом.
Баъд аз ин Ҷовид мақсад гузошт, ки субҳ рафта, ҳама чизеро, ки дар дилаш ҳаст ба Сайёра мегӯяд. Ба духтарак мефаҳмонад, ки Ҷовид ошиқи зулфони печону чашмони сиёҳ ва қади расояш гаштаасту дар фикру хаёли ӯ ҳатто хоби шабашро ҳам фаромӯш намудааст. Ҳамаи инҳоро такрор карда, Ҷовид ҳис кард, ки оҳиста – оҳиста нури хуршедӣ пардаи сиёҳи шабро сӯрох мекунад, яъне субҳ фаро расида истодааст.
Давом дорад ...
P. S: Идомаашро пагоҳ соати 21:00 мутолиа намоед.