Formula novemver 2024
Хешбачаамро гирифта, бадбахт шудам
2591


Ман Нигина, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Мисоли дигар духтарон бо сад орзуву ҳавас донишҷӯ шудан мехостам.

Ширинтарин лаҳзаҳои умрам айёми донишҷӯиям будааст. Инро ман баъд аз он ки дар зиндагониям нобасомониҳо сар заданд, эҳсос намудам. Донишҷӯ будаму хостгорон паси дарамонро охурча мекарданд. Ба хотири он ки аввал коллеҷро хатм кунам, ба ҳамаи хостгорон ҷавоби рад медодам. Ҳангоми супоридани имтиҳонҳои хатм дар коллеҷи тиббӣ як хеши ҳам падариву ҳам модариам ба хостгорӣ омаданд. Ман умуман барои издивоҷ розӣ набудам, вале волидонам маро ҳатто гӯш кардан намехостанд. Ба зориву илтиҷоҳоям аҳамият надода, маро маҷбур ба хешамон фотиҳа карданд. Ба волидонам хатарҳои никоҳи байни хешу табориро фаҳмондам, аммо онҳо хешу табории мо чӣ мешавад гӯён, неву нестони маро гӯш накарда, ба тӯй розигӣ доданд.Ман, ки ба ин тӯй розӣ набудам, шабу рӯз гиря мекардам. Ҳатто бо хонагиҳоямон кам гап мезадам. Як ҳафта пеш аз тӯй фаҳмидам, ки домодшаванда аз зани аввалааш ҷудо шудаву соҳиби ду писар ҳам будааст. Ин аламу ҳасрати маро зиёдтар намуд. Вале дигар илоҷ надоштам,зеро хотири волидонам бароям заруртар буд.Хуллас, рӯзгори носозгори ман оғоз ёфт. Аз рӯзҳои аввали зиндагиам писарони шавҳарам маро “оча” гуфта муроҷиат карданд. Рӯзҳои аввал инро қабул кардани ман, ки ҳоло ҷавону арӯсак будам, осон набуд.Аммо баъдтар бо гузаштани чанд моҳ ба кӯдакон одат намудам. Аз рӯзҳои аввали зиндагиам ҳис кардам, ки шавҳарам ғайри ман дар Русия боз зан дорад. Зеро шабҳои дароз бо ин зан телефонӣ суҳбат мекард. Бо ҳамин ҳол зиндагиам чун зимистони ҳамонсола сард мегузашт. Ҳомиладор шудаму баъди 3 моҳагӣ тифли батнам афтид.Пас аз ин вазъи саломатиам хуб нашуд. Дар ин миён бори дуюм ҳомила шудам. Шавҳарам коркуниро баҳона карда, ба Русия рафт. Ӯ рафту гӯё маро фаромӯш кард. Худам маҷбур шудам, ба ӯ занг зада, аз бад будани вазъи саломатиям хабар диҳам. Вақте шабона занг задам, гӯшаки телефонро зане бардошта,худашро зани шавҳарам муаррифӣ намуда, гуфт, ки ӯ ҳозир дар ҳаммом аст. Бо шунидани ин гап ҳолате, ки маро он лаҳза фаро гирифт, фақат худам донистаму Худо. Баъди ин ходиса ин дафъа ҳам аз тифл ноумед шудам.Баъди афтодани тифли навбатиам саломатиам бадтар шуд. Маро ба хонаи волидонам барои табобат бурданд. Дар беморхона моҳҳо хобида табобат гирифтам ва аз табибон фаҳмидам, ки шавҳарам бемор асту аз ӯ кӯдакдор шудани ман имкон надорад. Аламовараш он буд, ки шавҳарам аз бемории худ огоҳ буда, парвои кӯдакдор шудан ё нашудани маро надошт. Охир вай аз зани пешинааш кӯдак дошт, шояд аз ҳамин сабаб дигар дар фикри фарзанддор шудан набуд. Хулоса, баъди 1солшавҳарам аз Русия занг зада, аз ман талаб кард, ки хонаро холӣ кунам.Пеш аз он, ки ман кӯчамро биёрам, шавҳарам ҷавобамро дод ва баъди чанде ҳамон зани русашро ба хонаашон овард.

Инак, як сол мешавад, ки ман аз шавҳарам ҷудоям. Имрӯз ба чеҳраҳои маҳзуни падару модарам нигариста, мегӯям “куҷо шуд хешу табориатон? Ба хотири шикасти бахти ману оилавайрон шуданам риштаи хешу табории шумо канда гардид. Гуфта будам, ки никоҳи хешу таборӣ дуруст нест? Ана, оқибати никоҳи хешу таборӣ!”
Азизони дил, чунин буд зиндагиномаи хеле кутоҳ ва талхи ман, ки бо гуфтанаш на диламро холӣ карда метавонаму на захмҳои диламро шифо бахшида. Аз ҳамаи шумо азизони дил хоҳиш мекунам,ки ҳеҷ гоҳ хатои маро такрор накунеду ба никоҳи хешу таборӣ розӣ нашавед. Бигзор зиндагиномаи талхи ман барои якояки шумо дарси ибрат шаваду ҳеҷ кадоме аз шумо сарнавишти маро такрор накунед!

Таҳияи Ш. Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД