Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои ҳизбӣ пешниҳод гардидаанд, мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷавонони фаъолу арзанда ба вазифаҳои сохтории ҳизбӣ пешниҳоду таъин гардиданд.
Ҳамин тавр, Азизова Париноз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, Алибеков Ансор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа, Бозоров Рустам раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, Ҷалилова Сайрамбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, Пулодова Мунзифа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Бахтиёр Султонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Шерматова Фирӯза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва Саидзода Мухтор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт интихоб шуданд.
Гуфта шуд, ки Абдуҷаббор Азизӣ зимни суҳбат бо кадрҳои тозаинтихоб ба онҳо барори кор хоста, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, ташаббусҳои созандаи ҷавононро пайвата дастгирӣ менамояд.