Arzon march 2024
Хазрати Мухаммад (С. С) ба Имом Тирмизӣ чи гуфт?
02.05.2022
ОИЛА
1482

 

Муҳаддиси шинохта Абӯисо Тирмизӣ ғайр аз илми ҳадис дар илми тиб низ мумтоз буд. Ӯ дар баробари чеҳраи зебои нуронӣ доштанаш, ахлоқи ҳамида дошт.

Дар овони ҷавонӣ рӯзе дар қабулгоҳаш нишаста буд, ки бонуи зебое танҳо ба ҳуҷра ворид шуда, рӯи худро кушода чунин изҳори муҳаббат кард:

-Дер боз ошиқи дидори шумоям. Имрӯз фурсати муносиб ёфта наздатон омадам. Ҳоло ки ҳеҷ кас нест, биёед бо ҳам ишқварзӣ кунем.

Имом Тирмизӣ (р) аз тарси Худо чунон гирист, ки он зан хиҷолат кашида, аз ҷояш бархоста рафт.

Ин воқеа муддате аз ёди Имом Тирмизӣ фаромӯш шуд. Рӯзе дар даврони мӯйсафедиаш он воқеаро ба ёд оварда бо худ гуфт: «Агар ҳамон вақти ҷавонӣ бо он зан ҳамхоба мешудам, ҳеҷ гап набуд. Имрӯз тавба мекардаму Худованд мебахшид!» Андак баъдтар ба худ омада гуфт: «Ин чӣ хаёле буд, ки ман кардам? Наход дар овони ҷавонӣ ва девонагию мастӣ бо шунидани номи гуноҳ аз Худованд тарсида он қадар гиря кунаму имрӯз бо вуҷуди ришсафедӣ чунин орзу намоям? Фардо бо кадом рӯй дар пешгоҳи Худованд ҳозир мешавам?»

Бо чунин ҳолат гирякунон хобаш бурд. Дар хоб Расули Худо (с)-ро дид, ки мегуфт:-Эй бандаи Худо, чаро гиря мекунӣ?

Имом Тирмизӣ (р) гуфт:-Эй маҳбуби ман, дар вақти ҷавонӣ, ки шохае аз девонагист, он қадар аз Худованд метарсидам, ки бо шунидани номи гуноҳ гиристам ва он бону шармида аз пешам рафт. Ҳоло пир ва ришсафед шудаму он қадар дилам сиёҳ гаштааст, ки он хаёлоти фосида ҳоло ба хотирам меояду мегӯям: «Кош ман он кори нагуфтаниро мекардам ва ҳоло тавба менамудам. Аз ин сабаб гиря мекунам».

Расули Худо (с) Имом Тирмизиро тасаллӣ дода гуфт:

-Ин айби ту нест. Вақти ҷавонии ту ба замонаи ман наздиктар буд. Ҳоло ки пир шудаӣ, аз замонаи дуртар шудаӣ. Аз ин рӯ он баракатҳои собиқ кам шудааст. Бинобар ин дар дилат тасаввури гуноҳ пайдо гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД