Хайрзода Шукурулло Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, дирӯз зимни нишасти хабарии муассисаи олии зери роҳбариаш гуфт, бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазхудкунии донишҷӯён ва ба бозори меҳнат мувофиқ намудани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин, хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ кормандони донишгоҳ корҳои зиёдеро амади намуда истодаанд.
Ӯ гуфт, айни замон дар донишгоҳ 3 нафар доктори илм, 52 нафар номзад, 260 муаллими калон ва 315 устод фаъолият доранд.
“Имсол донишгоҳро 9 нафар бо дипломи аъло хатм карданд, вале аз ин ман ҳамчун ректори донишгоҳ қаноатманд нестам”, - гуфт ректор ва қайд кард, ки дар давоми фаъолият маоши омӯзгоронро баланд бурда, барои унвонҷӯён шароит фароҳам меорад, ки рисолаҳои илмӣ ҳимоя намоянд
Донишгоҳ дар оянда нақша дорад, ки робитаҳои байналмилалиро дар самти ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ҷоннок намуда, шумораи донишҷӯёни хориҷиро афзоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар донишгоҳ 462 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.