Arzon march 2024
“Хайлайтер” занро сафеду зебо месозад?
914



Ман ҷавонзани деҳотиям, дар деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунам. Шавҳарам марди фарҳангист, бо вуҷуди гову мол ва боғҳои калон доштанамон аз ман талаб мекунад, ки ҳамеша ба сару либос ва ҳолати рӯву мӯям эътибор диҳам.

Ҳамеша бароям либосҳои рангобаранг харида, боз пул медиҳад, ки қаламу упову лабсурхкунак харидорӣ кунам. Бонувони зиёде дар деҳаамон бо фурӯши атриёт ва молҳои косметикӣ машғуланд ва ҳар рӯз ба хонаамон халта- халта воситаҳои косметикӣ оварда, пешкаши мо менамоянд. Чанд муддат аст, ки духтарони ҳамсоя аз воситаҳои косметикӣ барои худ “хайлайтер” хирадорӣ намуда, таърифу тавсифкунон зиёд истифода мебаранд. Ман бошам, чӣ будани “хайлайтер” ва тарзи истифодаашро намедонам. Аз масъулони гӯшаи “Асрори зебоӣ” хоҳиш мекунам дар бораи “хайлайтер” ва тарзи истифода бурдани он маълумот диҳанд.
Зарина, аз Ҳисор.

Хайлайтер – косметикаи декоративие аст, ки бо шарофати қисматҳои дар таркибаш буда равшаниро ҷалб ва пӯстро рӯшантар месозад. Яъне, хайлайтер пӯсти рӯйро ҷиллову тароват бахшида, баъзе ноқисиҳои мавҷудбударо пинҳон месозад. Аз рӯйи шакл хайлайтер ба упо ва зарҳал шабоҳат дорад, вале баъд аз молиданаш эҳсос кардан мумкин аст, ки он тамоман маводи дигаргунаи косметикӣ аст. Дар ҳақиқат истифодаи “хайлайтер” аз ҷониби бонувон ва кормандони кошонаҳои ҳусн хеле зиёд ба чашм мерасад. Зеро ин маводи косметикӣ дар баробари пинҳон намудани хастагиҳои пӯст боз чанд ноқисиҳоро низ рӯпӯш карда метавонад.

Хайлайтери обакӣ

Хайлайтери обакиро бо ангуштон ё чуткача молидан лозим аст. Ҳамзамон каме хайлайтери обакиро ба малҳами ҳамранг (тоналный) ё “консилер” илова кардан мумкин аст.
Хайлайтери хушк
Хайлайтери хушк, яъне упомонандро бо чӯтка мемоланд. Онро баъд аз молидани малҳами ҳамранги пӯст (тоналный) молидан лозим аст.

          Хайлайтерро ба куҷо бояд молид?

1. Агар хоҳед, ки осори хастагӣ аз пӯсти рӯятон рафъ гардад, хайлайтерро ба зери чашмон молед.
2. Агар хоҳед, пешониятон васеътар намудор бошад, хайлайтерро ба ду чаккаи сар, яъне болои абрӯвон молед.
3. Агар хоҳед, ки чашмонатон ба назар наздиктар намоянд, хайлайтерро ба қантараки бинӣ молед.
4. Агар чашмонатонро калонтар кардан хоҳед, хайлайтерро ба зери абрӯвон молед.
5. Агар биниятон дароз бошад, хайлайтерро ба болои бинӣ молед, вале ба нӯгаш нарасед.
6. Агар биниятон кутоҳтар бошад, хайлайтерро ба болову нӯги бинӣ молед.
                  Мӯъҷизаи хайлайтер
“Хайлайтер”-ро бо ангуштон молидан хеле қуллай аст, он боиси яллақос задани пӯст намегардад, балки ба назар тобиши табиӣ медиҳад. Ҳар дафъаи тоб додани сар дар пӯсти рӯй ҷиллои зебое пайдо мешавад. Хусусан дар равшании хона ва офтоб ҷиллояш хубтар ба назар мерасад. Баъди молидани хайлайтер пӯсти рӯй ба назар намнок ва солим, яъне табиӣ намуда, равғаннокияш нест мешавад. Баъзе бонувон онро ба малҳами ҳамранг (тоналний) илова мекунанду гурӯҳи дигар танҳо ба таги абрӯвон ва чаккаи сар ё болои лабҳо мемоланд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД