goodwell
Хатоҳои гузашта азобам медиҳанд
21.06.2026
Oila.tj
182

Салом! Бо умеди гирифтани маслиҳат ба шумо нома менависам. Муддатест, ки худро хеле нохуб эҳсос мекунам ва намедонам сабаби аслии ин ҳолат дар чист.

Зоҳиран дар зиндагиям мушкили ҷиддие нест. Оила дорам, фарзанд дорам, рӯзгорам низ аз бисёр одамон бадтар нест. Аммо чанд моҳ боз дар дилам ҳиссиёти вазнине ҷой гирифтааст, ки ҳар рӯз маро азият медиҳад.

Бе ягон сабаби маълум ғамгин мешавам. Баъзан он қадар дилам танг мешавад, ки мехоҳам танҳо бошам ва бо касе суҳбат накунам. Ҳангоми намоз, махсусан дар намози хуфтан, вақте мехоҳам бо Парвардигор роз гӯям, ногаҳон фикрҳои нохушу парешон ба сарам меоянд. Аз чунин хаёлҳо метарсам ва баъзан ашк аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ мешавад.

Соатҳо гиря мекунам ва баъд аз худ мепурсам, ки чаро чунин шуда истодааст. Дар он лаҳзаҳо ҳамаи хатоҳо ва гуноҳҳои гузаштаам пеши назарам меоянд. Бо вуҷуди он ки солҳо гузаштаанд, худро бахшидан намехоҳам ва ҳамин фикрҳо оромиро аз ман гирифтаанд.

Асабҳоям ҳассос шудаанд. Аз хурдтарин сухан меранҷам, зуд асабонӣ мешавам ва баъд аз рафтори худам пушаймон мегардам. Пештар фаъол будам, кор карданро дӯст медоштам, аммо ҳоло бисёр вақт ягон кор кардан намехоҳам. Ба чизҳое, ки пештар маро хушҳол мекарданд, дигар шавқу ҳавас надорам. Баъзан чунин эҳсос мекунам, ки гӯё дар миёни одамон бошам ҳам, танҳо ҳастам. Ҳис мекунам, ки аз зиндагӣ дур мондаам. Шабҳо дер хобам мебарад, рӯзона ҳам фикрҳои гуногун маро ором намегузоранд.

Аз хонандагон ва мутахассисон хоҳиш мекунам, агар касе чунин ҳолатро аз сар гузаронида бошад ё бидонад, ки сабаби он чист, маслиҳат диҳад. Оё ин танҳо хастагии рӯҳист ё нишонаи беморие мебошад, ки табобат мехоҳад?

Бо эҳтиром, МОҲЛИҚО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД