Arzon march 2024
Хатои зани раис Қисми 2
2125

 

-Азиз, як бори дигар фикр кун, охир ба сарат мурғи бахту сарват менишинад. Ба ҳар кас ҳам ин гуна имконият муяссар намешавад.
-Акаи Ҳалимҷон, мебахшед, вале ман ҳама чизро бо сарват чен намекунам...

-Хуб як бор бо Дилдода ҳамсӯҳбат шав, агар ба ҳамдигар маъқул шудед, он тарафаш тӯй, агар не, худат медонӣ...
Ин фикри Ҳалим ба Азиз маъқул шуд ва ӯ бо Дилдода вохӯрд. Азиз ғайри чашмдошташ дар симои ин бойдухтар як инсони хоксору одӣ, меҳрубону ширинзабон ва духтари соҳибҳунару хирадмандро дарёфт. Чун ду-се маротиба бо ҳам вохӯрданд, ҷавонон ба ҳамдигар маъқул шуданд ва барои издивоҷ розигӣ доданд.
Туй бо дабдаба гузашт, аммо меҳмонон пичир-пичиркунон аз оилаи камбағал будани домодро байни худ муҳокима намуда, ғайбат мекарданд. Косаи сабри Сабрина бо шунидани пичир-пичири хешу табор лабрез гашта бошад, ҳам он рӯз дандон ба дандон монда тоқат кард, вале...
                            хххххх
Аз тӯй як ҳафта ҳам нагузашта кинояҳои модари арӯс сар шуд. Сабрина рӯирост ба домодаш “Шумо ба ин ҷо келин шуда омадаед, як кори хонаро кунед намешавад, охир як пули пучак ҳам надоред” мегуфт.
Азиз базӯр лабашро зери дандон гирифта, худро ношунида вонамуд кунад ҳам, суханони заҳрноки хушдоманаш мисли корд аз ҷавшани ҷонаш мегузаштанд.
Соро “суст набиёед янгаҷон, агар аз аввал лаҷоми ин сағераи почакадаро ба даст нагиред, болои саратон мебарояд” гӯён, ба Сабрина аз зулму ситам ва кинояҳои боқуваттар "дарс" медод. Ҳамин тавр бо балвои хешу табоир “меҳрубон” муносибати домоду хушдоман торафт бадтар мешуд, вале Азиз ба хотири ишқи Дилдода чизе намегуфт. А
Саъдӣ аз ин амали завҷааш дарак ёфта хуни ҷигар мешуд. Вай чанд бор дар танҳои занашро насиҳат кард, ки бо домод чунин рафтор накунад, вале Сабрина аз аспи ҷаҳл намефаромад. Оқибат аз қабри ҷангу ҷанҷолҳои зани пулпарасташ Саъдӣ ба сактаи мағзи сар гирифтор шуда, баъди як моҳи тӯй ҷон ба ҳақ таслим намуд.
Пас аз тӯй корхона ва тамоми сарват дороияшро ба доми домоди “почакандааш” гузаронидани шавҳарашро шунида, Сабрина қариб девона шуд ва "мурдаро монда тутхӯрӣ" гуфтагӣ барин, қиёматро қоим карда, тала кард, ки Азиз ҳама дороиро баргардонад.
Домод аз оилаи камбағал бошад ҳам, чашмаш сер буд аз пеш аз оне, ки хушдомани чашмгуруснааш ҷангу ҷанҷолро сар кунад, худаш ба идораи нотареалӣ рафта, корхона ва дигар молу сарватеро, ки хусури раҳматиаш ба номаш карда буд, ба номи ҳамсараш Дилдода гузаронда буд. Вақте ки Сабрина барои пулу мол шӯри қиёмат барпол кард, Азиз ҳуҷҷатҳоро оварда ба пеши пойи хушдоманаш партофт ва бо дили хунбор талоқи Дилдодаро дода аз хона баромада рафт...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД