Шояд баъди хондани мактуби пешинаам ба ҳайрат омада, маънии навиштаҳоямро сарфаҳм нарафта бошӣ. Зеро ту ҳеҷ гоҳ ба ман чизе ваъда накардаиву умедвор ҳам насохтаӣ. Мани сода дар дил туро шоҳзодаи орзуҳоям шуморида, муҳаббати худро мисли бори гароне ба ту бор кардан мехоҳам. Ин хатои худро акнун дарк кардам.
Дар ҳақиқат ман бояд ба ҷуз хобу хаёлҳои ширин аз ту чизи бештареро талаб нанамоям. Ту бароям ҳамеша мисли ситораи дастнорас мемонӣ.
Медонӣ, маро ҷиддияти ту мафтун кардааст, зеро мисли ту шахсеро, ки нисбати наздиконаш ин қадар хайрхоҳ асту баҳри ободонии онҳо пайваста талош мекунад, то ҳанӯз надида будам. Ту тамоми сифатҳои мардиро доро ҳастӣ, тамоми кирдорат мардона аст.
Вақте туро мебинам, гумон мекунам, ки замину замон ба ларза меояд, касерову чизеро намебинам, аниқтараш дарк намекунам.
Тавба, намедонам он лаҳзаҳо дар назари одамон чи гуна бошам. Ба фикрам хеле хандаовар. Рафту нигоҳи чашмони барқпошат сӯям равона гарданд, тамоман даступохурда мешавам.
Ин ҳама ба ман чунон кайфияту сурур мебахшад, ки то дафъаи дигари дидор зинда мемонам. Ва барои ман фарқе надорад ки ту ҳеҷ гоҳ аз ман намешавӣ. Ҳастии ту маро зинда нигоҳ медорад.
Бунафша