Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» маросими хатми нахустин донишҷӯён баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳ ширкат варзиданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин хатмкунандагони ин боргоҳи илм, ҳайати профессорону омӯзгорон ва волидайни онҳоро бо ин рӯйдоди фаромӯшнашаванда самимона табрику муборакбод гуфт.
Тавре зикр гардид, дар доираи иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Имрӯз дар ин донишкада 5 факултет фаъолият доранд, ки инҳо факултети тиббӣ, стоматологӣ, кори психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ ва фарматсевтӣ мебошанд.
Ҳамзамон, дар назди донишкада «Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ» фаъолият дорад, ки дар таҷрибаи кишвар аввалин муассисаи табобатии мукаммали наздидонишкадавӣ мебошад.
Зикр гардид, ки ҳамакнун 393 нафар нахустин донишҷӯён Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»-ро хатм намуда, ҳамчун мутахассиси соҳа ба фаъолияти корӣ оғоз менамоянд.