Oila Navruz
ХАТАРИ МАВҶИ ДУВВУМИ COVID-19
2347


Дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ дар рӯзи 13-июл эълон гардид.

Ин тасмим бо ташаббуси президенти кишвар Қосим Жомарт Токаев ба хотири авҷгирии мавҷи дуввуми коронавирус роҳандозӣ гардид. Ӯ мансабдорони Вазорати тандурустиро дар ин вазъияти муташанниҷ гунаҳкори асосӣ мепиндорад.
Эълон тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, дар ин бора хабаргузории РБК дар такя ба сомонаи иттилоотии Tengrinews хабар дод.

“Бо ташаббуси ман 13-июл ба хотири фавти аҳолӣ аз бемории сироятӣ Рӯзи мотами миллӣ эълон гардид. Мутмаинам, ҳар яки мо дар куҷое, ки набошем, дар ҳақи гузаштагонамон дуо мекунем”-гуфт президент.

Инчунин Токаев таъкид дошт, ки: “Таассуфовар он аст, ки бо сабаби дуруст роия нагардидани карантини оммавӣ, хатои системавии собиқ вазири тандурустӣ бо хуруҷӯ мавҷи дуввуми беморӣ ва афзоиши босуръати он рӯ ба рӯ шудем”.

Вазъи баамаломадаи Қазоқистон боз ба он оварда расонд, ки дар он ҷо чораҳои карантинӣ такроран роҳандозӣ гарданд.
Мувофиқ ба маълумоти донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар Қазоқистон беш аз 51 ҳазор нафар мубталои бемории коронавирус гардидаанд. Аз ин миқдор дар маҷмӯъ 264 нафар ба ҳалокат расидаанд. Рӯзҳои охир дар кишвари мазкур шумораи беморон рӯ ба афзоиш дорад.Дар як рӯз беш аз 1000 ҳолати сироятёби аз коронавирус ба қайд гирифта мешавад.
Шурӯъ аз 5-июл дар Қазоқистон ҳаракати автобус байни минтақаҳо, сартарошхонаҳо, марказҳои варзишӣ, аквопарк ва кинотеатрҳо баста шуданд, инчунин агар шумораи одамон дар кӯча якҷоябуда аз 3-нафар зиёд бошад, ҳаракати гурӯҳии онҳо манъ аст.
Дар қатори дигар аҳолии Қазоқистон президенти аввалаи кишвар Нурсултан Назарбоев низ сироят ёфта буд. 7-июл дафтари матбуотиаш иттилоъ дод, ки Назарбоев сиҳат шуд ва ҳоло дар карантини хонагӣ қарор дорад.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами умумимиллӣ дар рӯзи 13-июл эълон гардид.
Ин тасмим бо ташаббуси президенти кишвар Қосим Жомарт Токаев ба хотири авҷгирии мавҷи дуввуми коронавирус роҳандозӣ гардид. Ӯ мансабдорони Вазорати тандурустиро дар ин вазъияти муташанниҷ гунаҳкори асосӣ мепиндорад.
Эълон тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, дар ин бора хабаргузории РБК дар такя ба сомонаи иттилоотии Tengrinews хабар дод.
“Бо ташаббуси ман 13-июл ба хотири фавти аҳолӣ аз бемории сироятӣ Рӯзи мотами умумимиллӣ эълон гардид. Мутмаинам, ҳар яки мо дар куҷое, ки набошем, дар ҳақи гузаштагонамон дуо мекунем”-гуфт президент.

Инчунин Токаев таъкид дошт, ки: “Таассуфовар он аст, ки бо сабаби дуруст роия нагардидани карантини оммавӣ, хатои системавии собиқ вазири тандурустӣ бо хуруҷӯ мавҷи дуввуми беморӣ ва афзоиши босуръати он рӯ ба рӯ шудем”.

Вазъи баамаломадаи Қазоқистон боз ба он оварда расонд, ки дар он ҷо чораҳои карантинӣ такроран роҳандозӣ гарданд.
Мувофиқ ба маълумоти донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар Қазоқистон беш аз 51 ҳазор нафар мубталои бемории коронавирус гардидаанд. Аз ин миқдор дар маҷмӯъ 264 нафар ба ҳалокат расидаанд. Рӯзҳои охир дар кишвари мазкур шумораи беморон рӯ ба афзоиш дорад.Дар як рӯз беш аз 1000 ҳолати сироятёби аз коронавирус ба қайд гирифта мешавад.
Шурӯъ аз 5-июл дар Қазоқистон ҳаракати автобус байни минтақаҳо, сартарошхонаҳо, марказҳои варзишӣ, аквопарк ва кинотеатрҳо баста шуданд, инчунин агар шумораи одамон дар кӯча якҷоябуда аз 3-нафар зиёд бошад, ҳаракати гурӯҳии онҳо манъ аст.
Дар қатори дигар аҳолии Қазоқистон президенти аввалаи кишвар Нурсултан Назарбоев низ сироят ёфта буд. 7-июл дафтари матбуотиаш иттилоъ дод, ки Назарбоев сиҳат шуд ва ҳоло дар карантини хонагӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД