goodwell
Харидори ранҷ
18.07.2026
Oila.tj
120

Чанде пеш ба сафари корӣ рафта будам. Ман ҳамеша одат дорам барвақт ба истгоҳи қатора бирасам, то зудтар савор шавам ва ҷои хоби болоиро гирам. Аммо он рӯз дертар расидам. Вақте ба купе даромадам, ду зани ҷавон аллакай ҷойҳои болоиро гирифта буданд. Дар поён як зан бо писари тақрибан 9-солааш ва як зани миёнасол нишаста буданд. Ман ҳам маҷбур шудам дар поён нишинам ва ба хондани китоб машғул шудам.

Пас аз як-ду соат пай бурдам, ки зане, ки писарбача ҳамроҳаш буд, гиря мекунад ва зани миёнасол бо ӯ суҳбат дорад. Нохоста ба гуфтугӯи онҳо гӯш додам.

Маълум шуд, ки хушдоман ва хоҳаршӯяш дар купеи ҳамсоя буданд. Ӯ писарашро фиристода буд, то бубинад онҳо дар бораи ӯ чӣ мегӯянд. Писарбача баргашта, ҳар чизеро, ки шунида буд, ба модараш нақл кард. Зоҳиран, суханони хубе набудаанд.

Зани миёнасол, ки хеле бохирад менамуд, ба ӯ гуфт:

- То вақте ки аз одати ранҷ кашидан даст накашӣ, вазъият ҳамин гуна мемонад.

Ин ҷумла барои ман хеле ҷолиб буд. Магар инсон метавонад ба ранҷ кашидан ҳам одат кунад?

Ман омӯзишро дӯст медорам. Ба назари ман, ҷомеа бузургтарин донишгоҳест, ки ҳар кас метавонад бе пардохти маблағ дар дарсҳои он иштирок кунад ва аз таҷрибаи дигарон биомӯзад. Он рӯз ман ҳам дар як дарси зиндаи зиндагӣ иштирок мекардам.

Зани миёнасол пурсид:

- Аз кай ба ин одат гирифтор шудӣ?

Зани гирён гуфт:

- Ман ҳеҷ гуна одати бад надорам.

Зани миёнасол табассум карда гуфт:

- Дорӣ. Ту ба ранҷ кашидан одат кардаӣ. Магар имрӯз мусофир нестӣ?

- Мусофир ҳастам.

- Пас имрӯз то расидан ба қатор аз сабаби омодагӣ ба сафар фурсат накарда будӣ, ки ранҷ кашӣ. Аммо ҳамин ки нишастӣ, писаратро фиристодӣ, то аз купеи ҳамсоя барои ту «маводи ранҷ» биёрад. Ӯ ҳам суханони заҳролудро овард ва ту онҳоро қабул кардӣ. Ҳоло бошад, нишаста гиря мекунӣ.

Зан каме ором шуд ва гуфт:

- Аммо онҳо дар ҳаққи ман бадгӯӣ карданд. Чаро бояд пушти сарам гап зананд?

Зани миёнасол ҷавоб дод:

- Кори фурӯшандаи мавод, фурӯхтани мавод аст. Аммо ту чаро онро мехарӣ? То вақте худат қабул накунӣ, касе наметавонад туро маҷбур кунад. Дар ин ҷаҳон ҳама чизе пешкаш мекунад. Ту танҳо бояд интихоб кунӣ, ки харидори чӣ ҳастӣ: оромӣ, хушбахтӣ, умед ё ранҷу ғам?

Ин тарзи фикр барои ман хеле нав ва зебо буд.

Ӯ дар идома гуфт:

- Агар ҳар рӯз аз худ бипурсӣ: «Имрӯз мехоҳам чӣ бихарам, ки ба зиндагиям фоида расонад?», дигар барои чизҳои беарзиш қиматтарин дороии худ - оромии дилатро намепардозӣ.

Он суҳбат дар ман ҷаҳонбинии нав ба вуҷуд овард.

Пас имрӯз шумо харидори чӣ ҳастед?

Ранҷу ғам?

Танбаливу беҳудагардӣ?

Ё оромӣ, шодӣ, ҳадаф ва қаноатмандӣ?

Фаромӯш накунем: мо инсонҳо ҳаққи интихоб дорем. Пас биёед аз ин ҳақ ба беҳтарин шакл истифода барем.

САБРИНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД