arzon replenishment
Харидани кӯдак ҷиноят аст?
1165


Одамоне ҳастанд, ки солҳо дар ҳасрати фазанд месӯзанд, вале худованд ба онҳо фарзанд намедиҳад.

Ба хотири шикасти ормон ва вайрон нашудани зиндагиашон баъзан чунин одамон кӯдаки шахси дигарро ба фарзандӣ қабул мекунанд. Донистан мехостам, ки агар модар кӯдакашро фурӯшад, харидор ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад?
М. Р.
Посухи адвокат Холида Шомирзоева
Албатта ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Харидуфурӯши кӯдак ҳамчун кирдори ҷинояӣ ба шумор рафта, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани чунин амалҳо дар моддаҳои 130 (1) ва 167-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст. Аз хонаи кӯдакон ба фарзандхонӣ гирифтани ягон тифли ятим ё бо розигии волидонаш кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кардан ҷиноят нест, вале тарафҳо маслиҳат карда, барои кӯдак ба ҳамдигар пул диҳанд ва пул гиранд, ин аллакай харидуфурӯш кӯдак ба ҳисоб меравад ва шахсони дар ин амал даст дошта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД