Arzon march 2024
Хар ҳамон хару полонаш дигар! мегӯянд “Сарбозони гумноми Ҳазористон”
3662

“Толибон” бо ҷаҳолату бераҳмӣ, кушторҳои ваҳшиёнаи оммавӣ ва зулму ситами худ мардуми сарзамини азияткашидаи афғонро чунон ба дод овардаанд, ки дигар ҳатто аз ҷони худ натарсида, афроди зиёде ба муқобили ин гурӯҳ мебароянд. Дар баробари ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон боз як ҷабҳаи дигар ташкил ёфтааст, ки худро ҳамчун "Сарбозони гумноми Ҳазористон" муаррифӣ менамояд.
Ҷабҳаи мазкур дар қаламрави Ҳазораҷот, яъне вилоёти ҳазоранишини Афғонистн аз ҳисоби сарбозони урдӯи пештараи Афғонистон таъсис ёфта, бо пахши як навори видеоӣ аз ҳастии худ дарак додааст. Марде, ки дар ниқобаш секелети одам тасвир ёфта, дар матоъи ба сараш баста навиштаҷоти "Сарбозони гумноми Ҳазористон" ба назар мерасад, мегӯяд ба таври ваҳшиёна кушта шудани мардуми шиамазҳаб аз ҷониби “Толибон” ва поймол гардидани ҳуқуқҳои ҳазораҳо онҳоро водор намуд, ки алайҳи ин гурӯҳ бархоста, ҷабҳаи нави муқовиматро ташкил намоянд.
Ин мард “Толибон”-ро бо ДОИШ муқоиса намуда мегӯяд, ҳарчанд “Толибон” худро душмани ДОИШ муаррифӣ менамоянд, дар асл ҳадафи ин ду гурӯҳи террористӣ як аст.
“Толиб ҳам ДОИШ* аст, ДОИШ* ҳам толиб аст. Хар ҳамон хар аст, фақат полонаш дигар аст”, - мегӯяд ӯ.
Дар идомаи навор ин мард ба таркишҳо ва ҳаводиси охирини хунин, ки боиси марги садҳо одамони бегуноҳи шиамазҳаб дар Афғонистон гашт, ишора намуда, аз мардум даъват ба амал меорад, ки баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои инсонӣ ва ҳайсияти худ алайҳи “Толибон” ба мубориза бархезанд.
"Яке худашро толиб ном карда, якеи дигар ДОИШ*, ки фарқе миёнашон нест. Мардуми мо бояд ба по хезад. Огоҳ шавад, омодагӣ дошта бошад, камарашро баста кунад", - мегӯяд ин мард.
Ёдрас мешавем, ки танҳо дар ду ҳафтаи охир ду масҷиди мардуми шиамазҳаб дар Афғонистон аз ҷониби Толибон мавриди ҳамла қарор гирифта, садҳо одамони бегуноҳ, ки баҳри ибодат ба масҷид омада буданд, ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 29-сентябр дар масҷиди шиаҳои вилояти Хуст таркиш ба амал омада, бар асари он як тан кушта ва 14 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамагӣ як ҳафта пас, санаи 7-уми октябр дар масҷиди шиаи маҳаллаи Сайидободи шаҳри Кундуз таркиши дигар ба амал омад, ки бар асари онҳо 70 кас ҷони худро аз даст дода, 130 тан захмӣ гаштанд.
Куштори ин одамони бегуноҳ, ки танҳо ба хотири ибодат кардан ба масҷид омада, мавриди ҳамлаи номардона қарор гирифтанд ва бар асари таркиш ҷони ширини худро аз даст доданд, оташи қаҳру ғазаби ҳазораҳоро аланга дода, онҳоро ба гирифтани силоҳу ташкил кардани ҷабҳаи муқовими “Сарбозони гумноми Ҳазристон” ва бархостан ба мубориза алаҳи “Толибон” маҷбур кардааст.
Ёдрас мешавем, ки Ҳазористон гуфта, минтақа ва вилоятҳоеро дар назар доранд, ки мардумаш асосан ҳазораанд. Аксари сокинони вилоятҳои Бомиён, Дойкундӣ, Вардак, Урузгон, Ғур, Балх ва ҳатто Кобул ҳазора мебшанд. Бештари ҳазораҳо шиамазҳаб буда, қатлу кушторҳои оммавӣ ва таркишҳои пай дар пай дар масҷидҳои шиа онҳоро ба мубориза ба муқобили “Толибон водор намудааст.
“Сарбозони гумноми Ҳазористон" дувумин ҷабҳаи муқовимат алайҳи "Толибон"* ба шумор меравад, вале ҳанӯз маълум нест, ки ин гурӯҳ чи қадар тавоноӣ дорад. Айни замон ягона ҷабҳае, ки ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ алайҳи “Толибон” муқовимати шадид нишон медиҳад, ин ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон мебошад, ки роҳбариашро писари Қаҳрамони Миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд-Аҳмади Масъуд бар дӯш дорад.

Манбаъ: Спутник

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД