Бо сад умед соли гузашта аз ҳамсоядеҳаамон духтари як муаллими номдорро ба писарам келин карда, бо тӯю тамошо ба хонаам овардам.
Келинам Замира духтари шармгин менамуд ва ман худоро сад ҳазор шукр мегуфтам, ки чунин арӯси меҳрубонро насибам гардонидааст. Писару келинам як сол пас якбора соҳиби ду фарзанд шуда, сари маро ба осмон расониданд. Мо, аҳли оила дугоникҳоро мисли гавҳараки чашмонамон эҳтиёт карда, ҳамеша рӯ рӯи даст бардошта мегаштем. Арӯси хапакамон баъди фарзанддор шудан якбора пӯстинашро чапа пӯшида, симои аслияшро ба мо нишон дод. Духтари таърифии муаллима дигар дасташро ҳатто ба оби хунук ҳам намезад. Тамоми кору бори хона бар дӯши ману духтарам бор шуда, бар замми ин аз келин гап мешунидем. Замира на хотири мани сарсафедро медиду на хоҳаршӯяшро писанд мекард. Кораш рӯз то бегоҳ малика барин мудом фармонфармоӣ карда гаштан, мудом ба нону оши тайёр, ки наздаш мегузоштем, айб мемонд. Хӯрокҳои пухтаамонро гоҳ шӯру гоҳ бемаза гуфта, наҳ мезад. Хотири писарам ба найрангҳои келин тоқат мекардам, вал ин хапаки таги саргин аз ҳад гузаронд.
Як бегоҳ вай духтарамро ба бародараш бадгӯӣ карда, зери мушту лагад мононд. Намедонам занаш ба гӯшаш чиҳо гуфт, ки писарам якбора девона шуда ба сари хоҳараш тохт ва Саврии бегуноҳро “қанчиқи бероҳа” гӯён, чунон бераҳмона зад, ки фиғони талхи духтарам ба осмон дакка хӯрд. Замираро маломат намудам, ки чаро духтарамро туҳмат карда, хоҳару бародарро душман месозад. Заҳрханда карда гуфт: “Ҳоло исто кампири ҷалоҷин, баъди духтарат навбати ту аст. Рӯзатонро сиёҳ накунам, аз пушти падарам набошам! Хонандагони азиз! Ба ман маслихат диҳед, бо ин келини шаттоҳу туҳматчӣ чӣ кор кунам?
Восида, аз ш. Норак