Мукофот
Дар суд аз шоҳиди ҳодиса мепурсанд:
-Ба фикрам шумо медонед, ки барои нишондоди бардурӯғ шуморо чӣ интизор аст?
Шоҳид мегӯяд:
-Бале, BMW ваъда кардаанд.
Меҳрубонӣ
Зане ба дугонааш нақл мекунад:
-Ду ҳафта боз шавҳарам дар корҳои хона ба ман сахт кӯмак мерасонад: кӯдаконро нигоҳубин менамояд, хӯрокпазӣ, либосшӯӣ, умуман ҳама корро мекунад.
Дугонааш ҳайрон шуда мепурсад:
-Дугона, чӣ тавр шавҳаратро ба кӯмак расондан водор намудӣ?
Зан мегӯяд:
-Шавҳарам дар ҳафтаномае хондааст, ки агар зан сахт хаста нашавад, шабона нисбати шавҳар меҳрубон мешавад.
Дугонааш мепурсад:
-Хайр, баъди кӯмакрасониҳои шавҳарат нисбати ӯ меҳрубон шудӣ?
Зан мегӯяд:
-Намедонам. Шавҳарам баъди даву този зиёд базӯр ба ҷойгаҳи хоб медарояд.
Адвокат
Марде дӯсташро дида мепурсад:
-Рустам, шунидам, ки аз занат ҷудо шудӣ?
Рустам мегӯяд:
-Бале. Фарзандон бо ман монданд.
-Хонаат чӣ?
-Хонаро занам гирифт.
-Пулҳоятро чӣ?
-Пулҳоямро адвокат.
Эълон
Марде ба идораи ҳафтанома занг зада мепурсад:
-Ман дар ҳафтаномаи шумо эълон дода будам, ки сагам гум шудаасту ба нафари онро пайдонамуда 1000 доллар медиҳам. Ягон хабар ҳаст?
Корманди ҳафтанома ҷавоб медиҳад:
-Чизе гуфта наметавонам. Дар идора на муҳаррир асту на хабарнигорон, ҳама ба ҷустуҷӯи саги шумо баромадаанд.