toyota motors
Ханда ҳам доруст...
10.05.2026
Oila.tj
30

Нафрат

Актриса бо режиссёр моҷаро мекунанд. Актриса дар сари қаҳр:

- Шумо маро чашми дидан надоред! Бовар дорам, ки дар ҷанозаам омада, ба рӯйи қабрам туф мекунед!

- Ба ҳеҷ ваҷҳ! Ман тобу тоқати дар навбат истоданро надорам.

Заҳр

Марде ба духтури ҳайвонот занг зада, мегӯяд:

- Ҳозир ба наздатон хушдоманам бо саги пираш меояд. Илтимос, ягон заҳри сахттаъсир диҳед, ки дурудароз азоб накашад.

Байтор:

- Майлашу баъд саг худаш роҳи хонаатонро меёбад?

Зангир

Марде баъди издивоҷ бо дӯстонаш вомехӯрад. Аз ӯ мепурсанд:

- Хайр, занат чӣ хел?

Мард:

- Даҳшат! Рӯзи дароз дар майкадаву тарабхона мегардад!

Дӯстонаш ҳайрон шуда:

- Чӣ, занат арақ менӯшад?

Мард:

- Э нее, маро кофтанӣ меравад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД