goodwell
Ханда ҳам дорӯст, инсонро табобат мекунад...
15.11.2026
Оила
85
no-img

Ханда ҳам дорӯст...
Дастнорас
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
-Зани ман мисли телефони мобилӣ аст.
-Чӣ хел?-ҳайрон мешавад дӯсташ.
-Вақте пул надошта бошам, муваққатан дастнорас мешавад.
 
Косметика
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
-Занак, ту барои харидани косметика чунон пули зиёд сарф мекунӣ, ки агар чунин давом кардан гирад, ман девона мешавам!
Зан:
-Азизам, агар ту маро бе косметика медидӣ, барвақт девона мешудӣ!
 
 
Дӯстдорӣ
Аз оқиле пурсиданд:
-Оё як мард якбора ду занро дӯст дошта метавонад?
Оқил дар ҷавоб:
-Дӯст дошта наметавонад, вале фиреб карда метавонад.
 
Ҳамдуна
Дар боғи ҳайвонот:
- Дада, ин ҳамдуна ба мо бад-бад нигоҳ дорад...
Падар:
- Ором писарам, ҳоло мо дар назди хазинадор қарор дорем.
 
Гурба
Шавҳар ҳангоми мастӣ гурбаеро ба хонааш меорад. Дарро занаш мекушояд. Мард мегӯяд:
-Ин ҳамдуна, аз ҷангал.
Занаш асабӣ шуда, дод мезанад:
-Ин ҳамдуна не, гурба аст!
Мард гапашро бурида:
-Халал нарасон, ман бо гурба гап мезанам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД