Arzon march 2024
Ханда ҳам дорӯст...
1225


Хонаи дӯст
Маркаби марде зуд-зуд ба хонаи ҳамсоя мерафт. Ҳамсоя ба қаҳр омада мегӯяд:
-Ҳамсоя, агар ҳамин дафъа хари шумо ба полизи ман дарояд, ба милиса шикоят мекунам!
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
-Э ҳамсояҷон. Ман ба ин хари беақл шабу рӯз мефаҳмонам, ки
“Ба хонаи дӯсти худ бисёр марав, харчанд ки азизӣ, оқибат хор шавӣ”, вале ин ҷонвар намефаҳмад.
😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂
Гила
Зане ба шавҳар мегӯяд:
-Зан дар хонаи худ бояд мисли президент бошад.
Шавҳар дар ҷавоб:
-Майлаш, ман розӣ, вале баъдан аз худат гила кун.
Зан ҳайрон шуда мепурсад:
-Чаро?
Шавҳар мегӯяд:
-Ман баъди ҳар 7 сол президентро иваз мекунам
😜😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂
Баҳс
-Ман ҳама чизро медонам!-гуфт Википедия.
-Аз ман ҳама чизро ёфтан мумкин аст!-лоф зад Googl
-Ман дар дунё аз ҳама асосӣ ҳастам!-иброз намуд Интернет.
-Ҳой, ҳой...-хомӯшона посух дод барқ.
++++++
Мавзӯи мардона
Як гурӯҳ ҷавонон байни худ дар бораи духтарон гап мезананд. Якеаш мегӯяд:
-Э биё мон, ҳамин духтаронро, беҳтараш дар бораи кайҳон ва сайёраҳои дигар гап мезанем.
Баъд аз хомӯшии тӯлонӣ яке аз ҷавонон мегӯяд:
-Аҷиб, дар кайҳону сайёраи дигар духтарон вуҷуд дошта бошанд?
++++++
Хабари хуш
Зан ба шавҳар мегӯяд:
-Мардак, ман ду хабар дорам, якеаш хушу дигараш нохуш. Аз кадомаш сар кунам?
Шавҳар мегӯяд:
-Аз бадаш сар кун.
Зан мегӯяд:
-Ман BMW-и шуморо зада, маҷақ кардам.
Шавҳар оҳ кашида мепурсад:
-Хабари хушат чист?
Зан дар ҷавоб:
-Дигар такрор намешавад.
++++++
Масхарабозон
Марде духтари ҳафтсолаашро ба ҷои кораш мебарад. Духтарча хеле ба гирду атроф назар духта, чизеро мекобад ва табъаш хира шуда, баногаҳ ба гиря медарояд. Тамоми кормандон ба духтарча таваҷуҳ намуда, сабаби гиря карданашро пурсон мешаванд. Падар дар ҳузури ҳама мепурсад:
-Духтарам, чаро гиря мекунӣ? Ба ту чӣ шуд?
Духтарча дар ҷавоб мегӯяд:
-Канӣ, ҳамаи он масхарабозоне, ки ту ҳамроҳашон кор мекунӣ?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД