Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба сокинон муроҷиат намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва ҳушёрӣ даъват намудааст.
Хадамоти алоқа ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки рақамҳои расмии марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилиро дар хотир гиранд. Таъкид мегардад, ки ширкатҳои мобилӣ танҳо аз рақамҳои кӯтоҳи расмӣ ё марказҳои тамос ба муштариён занг мезананд.
Аз ҷумла:
- Tcell: 7070, 8080 ва 2000
- Babilon-M: 918-61-61-61 ва 2006
- ZET-Mobile: 800-800-800
- MegaFon: 007-700-500 ва 970-700-500
- MegaFon дар шаҳри Душанбе - 001-700-500
- MegaFon дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 004-700-500
- MegaFon дар вилояти Суғд - 002-700-500
- MegaFon дар вилояти Хатлон - 003-700-500