Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гашт.
Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода доир ба фаъолияти нимсолаи ниҳод маълумоти муфассал дода, аз ҷумла гуфт:
“Дар зарфи шаш моҳи соли равон бар асари офатҳои табиӣ 30 нафар ҷони худро аз даст дода, 470 манзили истиқоматӣ, 4 бинои мактаби таҳсилоти умумию муассисаҳои томактабӣ ва 6 пул қисман ё пурра хароб гашта, 2916, 1 гектар заминҳои кишт ва 404 километр роҳҳои мошингард зарар дидаанд. Ба хонаводаҳои зарардида кӯмакҳои фаврӣ дар шакли маводҳои сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва бастаҳои беҳдоштию хоҷагӣ сари вақт расонида шуд.“
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граджании ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ҳамчунин дар боби минтақаҳои хатарноке, ки хавфи сар задани офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳо хеле зиёд буда, аз ҷониби кумита корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд ва ҳодисаҳои нохуши аз беэҳтиётӣ ғарқ шудани одамон дар рӯдхонаву дарёҳои кишвар сухан ронда, аз ҷумла гуфт:
“Новобаста ба ҳама корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, ки аз ҷониби кормандони кумита дар байни аҳолӣ бурда мешавад, ҳанӯз мардум ҳангоми оббозӣ хеле беэҳтиётона рафтор мекунанд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар шаш моҳи соли равон 87 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст доданд, ки 46 нафарашон кӯдакону наврасон ва 41 нафари дигар аз 17-сола боло буданд. Аз ҷумла дар Бадахшон 10 нафар, дар Суғд 22 нафар, дар Хатлон 32 нафар, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 16 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар дар оби рудхонаву дарёҳо ғарқ шудаанд".
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар соҳили баҳр, дарёҳои калон ва дигар нуқтаҳои оббозӣ навбатдории шабонарӯзиро ҷорӣ намудааст. Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи "Оила" дар боби ғарқшавии занону духтарон дар дарё Рустам Назарзода гуфт:
“Бештари ҳодисаҳои ғарқшавии занону духтарон дар рудхонаву дарёҳои кишвар ба худкушӣ рабт доранд. Аз шумораи умумии занони дар об ғарқшуда танҳо 2 нафар аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, дигарон бо қасди худкушӣ худро ба дарё ва рудхонаҳо афкандаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар бораи ҳар як ҳодисаи худкушии занону духтарон ба таври фаврӣ ба мақомотҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот медиҳад, то сабабҳои ҳодиса ҷиддан таҳқиқ карда шаванд.”