Arzon march 2024
КҲФ: Хатари омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо боқист
20.08.2024
ОИЛА.ТҶ
260

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита аз аҳолӣ хоҳҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо ва ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, то сари вақт ҷӯву каналҳо ва заҳбурҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу хаспораҳо ва сангу рег тоза кунанд, то дар сурати оби зиёд ҷорӣ шудан, маҷрои он дигар нашавад ва ба хонаҳову хоҷагиҳо ва заминҳои кишт зарар нарасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД