Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мегӯяд, ки зарфи чанд рӯзи оянда дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма ва резиши сангу рег боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо худдорӣ кунанд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки табдирҳои бехатарӣ андешанд ва кӯдаконро беназорат нагузоранд.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг задан мумкин аст.