Arzon march 2024
Келинро эрка кардӣ, бе қадр мешавӣ!
14.08.2023
ОИЛА
1661

Имрӯз ҳам гузашт, аммо завҷаам Шоҳина наомад. Аз рафтани ӯ се ҳафтаи расо гузашт. Модарам низ набудани келини хешро дар ҳавлӣ ҳис мекунад.

О, келини беақл, худат дуҷон, чӣ қаҳр карда, ба хонаи очаат меравӣ, кош ҳамон падару модари дилсардат аз рафтани ту хурсанд шаванд,- маро ғамгин дида, мегӯяд модарам. Аммо ман ҳис мекардам, ки модарам аз рафтани келинаш руҳафтода шуда, намедонад ғубори дилашро чӣ навъ барорад.
- Очаҷон, ғам махӯр, келинат қаҳраш паст шуд, боз давон-давон меояд,- тасалло медиҳам модарамро.
-Бачам, чаро ғам хӯрам, омад, омадан гирад, наомад паяш аз ин хонадон канда, айби худам, ки дар ҳар кор нисбаташ меҳрубонӣ карда, ӯро эрка кардам.
Модарам рост мегӯяд. Аз рӯзе, ки Шоҳина ба хонаи мо омад, модарам бо ӯ мисли духтари худаш меҳрубонона гап мезад. Агар дар телевизор ягон филми туркӣ сар мешуд, “духтарам биё, дар барам шин, филмро тамошо кунем, кори хона гурехта намеравад,- мегуфт модарам ба келинаш. Ин меҳрубонӣ ва ғамхориҳои модарамро дида, хурсанд мешудам ва дар дил меандешидам, ки модарам келинашро дӯст медорад. Аммо акнун фаҳмидам, ки дӯстдорӣ бо келини хонадон ҳадду ҳудуд доштаст. Шоҳинаро бо ошиқӣ гирифтам. Он вақт бисту як сол доштам. Ман ӯро дар назди хонаашон дида, дарҳол ба ҳусну ҷамолаш дил бастам. Духтар хеле қадбаланд, ситорагарм ва сафедрӯ буд. Як нигоҳаш басанда буд, ки қалбро тасхир кунад. Аз қафояш шаш моҳ давидам. Ҳатто як маротиба дар чанги бародаронаш афтида, хуб шатта хӯрдам.
-Ту, сағираи аҳмақ бо хоҳари мо бозӣ карда, мехоҳӣ ӯро бадном ва хонадони моро шарманда кунӣ?,- маро мурданивор зада мегуфтанд бародаронаш. Қиссаи муҳаббати ман ана ҳамин тавр оғоз гардид. Дере нагузашта, ин овоза ба гӯши волидони духтар низ расид. Падараш бисёр инсони бераҳм буд. Як рӯз ба хонаамон омада, маро ҳушдор дод, ки дигар аз қафои духтараш нагардам. Аммо миёни халқ як порчаи шеър аст, ки "Дили ошиқ мисоли гурги гушна, ки гург аз ҳай-ҳайи чӯпон натарсад". Омадани падари духтар ба хонадони мо дере нагузашта дар қишлоқамон овоза шуд.
-Писарам, биё мон ҳамон духтари мардакро, аз пасаш нагард, мо худамон ягон духтари хуб ёфта, туро зан медиҳем,- маро насиҳат мекард падарам. Баъди ин гапаш чанд рӯз аз хона баромада, қаҳр кардам. Модари бечораам дар ташвиш афтода, маро аз хонаи ким- кадом ҷӯраам ёфту ба хона бурд.
-Агар Шоҳинаро ба ман надиҳед, худкушӣ мекунам,- гуфтам ба падару модарам. Аз чунин ранги кор падарам дар ташвиш афтода, фардо рӯзи дигар ба хонаи дӯстдоштаам ҳамроҳи модарам маслиҳаткунӣ рафтанд.
-Агар ба писарам ягон воқеа шавад, ман худамро намебахшам,- гуфтаст падарам ба онҳо. Оқибат волидони Шоҳина розӣ шуданд. Хулосаи гап, ман ба мақсади худ расидам. Шоҳина духтари хушрӯтарини деҳи Гули Сурх ҳамсари ман шуд. Соли якуми зиндагиамон фикр мекунам, беҳтарин соли хонадории мо буд. Арӯси бо нозу нуз интихобкардаам, чӣ хоҳише мекард, онро дарҳол иҷро мекардам. Ҳатто чанд маротиба ӯро ба шаҳр барои тамошо бурдам. Шоҳина пагоҳиҳо баробари модарам аз хоб бедор мешуд. Дар кору бори хона гоҳ- гоҳе беҳавсалагӣ мекард. Модарам ин рафтори ӯро дида мегуфт:
-Келинам ҷавон аст, ҳоло оҳиста- оҳиста ҳама корро ёд мегирад.
Аммо Шоҳина баръакси гуфтаҳои модарам вақте ҳомиладор шуд, дигар дасташро ба оби хунук намезад. Рӯзи дароз аз моҳвора филмҳои туркӣ тамошо мекард. Падарам ин рафтори келинашро дида, гоҳ- гоҳе ғур- ғур мекард. Шоҳина аз ҷанҷолҳои волидонам ранҷида, як-ду бор ба хонаашон рафт, вале бародаронаш боз гирифта ӯро оварданд. Инак, маротибаи сеюм аст, ки дуру дароз қаҳр карда рафту қариб як фасл шудааст, дар хонаи модараш аст. Пушаймонам, ки ӯро аз ҳад зиёд эрка карда, дарди сари худам кардам.
-Ба ман хонаю дари алоҳида харида, сипас омада, маро бар,- мегӯяд занам. Аммо ман ҳеҷ вақт намехоҳам падару модарамро, ки маро хӯронданду пушондаанд, дар дами пирӣ партоям. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, дӯстони азиз?
Муқим, хонанда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД