Formula novemver 2024
КЕЛИНИ ШАТТОҲ
03.09.2021
Оила
2932

 

Асои Худо садо надорад,
Касро бизанад, даво надорад

 Холаи Моҳрухсору амаки Раҳматшоҳ соҳиби шаш писару ду духтар буданд. Зиндагии ширину гуворо доштанд ин зану шавҳари меҳрубон.


Фарзандонашонро тарбияи хуб дода ба воя расонданд. Ҳафт фарзанди хонадон ҳама бардаму солим буданду фарзанди хурдӣ Нозанин нуқсондор. Нозанин дар ҳусну ҷамол мисли гул зебо рӯз ба рӯз калон мешуд, вале фикрронияш мисли кӯдакон буд. Ба бисёр гапҳо сарфаҳм намерафт, ба таври дигар бигӯем, ақлаш камтар буд. Кӯдакони ҳамсоя Нозанинро масхара карда, «галу» мегуфтанд, вай бошад ба маънии ин калима сарфаҳм нарафта лабашро инҷкунон механдид. Падараш Раҳматшоҳ, ки ба касби омӯзгорӣ машғул буд, аз саҳар то бегоҳ дар мактаб ба хонандагон аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс дода, аз серкорӣ вақти сархорӣ надошт, вале модараш тақдири ояндаи Нозанинро фикр карда ҷигархун мешуд. Андешаи он, ки оё баъди сари ӯ акаву апаҳояш Нозанини девонаро парасторӣ мекунанд ё не, модарро ҳеҷ ором намегузошт. Метарсид, ки духтари бемораш бе парастор ва бе пушту паноҳ монда хору зор мешавад. Камақл бошад ҳам, Нозанин дар дили модар ҷойгоҳи хоса дошт ва холаи Моҳрухсор тоқати онро надошт, ки ба пойи духтараш хоре халад.

Тӯй болои тӯй

Шаш писару як духтарро соҳиби хонаву дар карданд. Тӯй болои тӯй гуфтагӣ барин, роҳбарияти колхоз шароити оилавии омӯзгори намунавӣ Раҳматшоҳро ба назар гирифта, ба ӯ аз ҳисоби заминҳои колхоз якбора ду қитъаи замин ҷудо карда дод.

Марги падар

Бародаронаш дасту остин барзада ба сохтани хонаҳо шуруъ карданд. Аз рӯи нақшаашон дар ду қитъа замини нав бояд чор писари Раҳматуллоҳ барои худ манзили нав бунёд карда мерафтанд, вале ҳанӯз сохтмони хонаҳо ба охир нарасида, ба сари ин оилаи хушбахт бадбахтӣ омад. Падари хонадон дар ҷои кораш гирифтори бемории қалб- инфаркт шуд. Муаллимон зуд «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ заданд, вале ба беморхона нарасида дили пур аз орзую ормони Раҳматуллоҳ аз кор монд.

Фарзанд не, балои ҷон

Барои аҳли оила ин зарбаи сахт буд, хусусан барои холаи Моҳрухсор, ки шавҳари азизу меҳрубон ва сутуни зиндагиашро аз даст дода буд. Бе саробони хона, бар замми ин, парастории Нозанини девона барои модари танҳомонда мушкилӣ мекард. Зӯри модар дигар ба Нозанин намерасид, духтараки аз ақл бебаҳра либосҳояшро дар танаш дарронда, мӯйи сарашро парешон карда, мисли аҷуза рӯзи дароз кӯдакони ҳамсояро сангшап карда мегашт. Ҳамсояҳо «Девонаатонро соҳибӣ мекунед ё не?!» гӯён, ба сари холаи Моҳрухсор меомаданд. Ғами марги шавҳараш як сӯ шуда буду ғами Нозанини галу як сӯ…

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан

Пас аз гӯру чӯб ва додани худоиҳои падар фарзандон аз паи идомаи сохтмон шуданд, чунки дар як ҳавлӣ зиндагӣ кардани шаш писари оиладор торафт мушкилтар мешуд. Бародарон бо кӯмаки ҳамдигар дар бадали ду сол якбора ду хонаи дуошёна сохтанд, ки ҳар кадом барои зиндагӣ кардани ду оила мутобиқ бунёд гашта буд. Акнун мебоист маслиҳат намоянд, ки кӣ бо модар мемонаду кадом писару келинҳо ба хонаҳои нав мекӯчанд.

Захми сухан

Холаи Моҳрухсор писару келинҳояшро назди худ хонда пурсид, ки кадомашон хоҳиши бо ӯ дар ҳавлии падарӣ монданро доранд. Чор писар гӯё дар даҳонашон об гирифта бошанд, хомӯш буданд. Модар дид, ки писаронаш ба хулосаи аниқ омада наметавонанд, гуфт:

-Нозимшоҳ писари аз ҳама хурдӣ аст. Аз рӯйи таомули тоҷикона ҳавлии падарӣ ба писари кенҷагӣ мемонад. Нозимшоҳ бо зану фарзандонаш бо ман мемонад, ба дигарон фотиҳаи сафед медиҳам. Кӯчу банд ва зану бачаҳоятонро гирифта ба хонаҳои нав кӯчед ва аз паси зиндагиатон шавед. Бародарон аз қарори модар, ки хонаи падарӣ ҳаққи писари хурдӣ аст, розӣ шуданд, вале келини хурдӣ, ҳамсари Нозимшоҳ Идимоҳ ба ғазаб омада гуфт:

-Ман як умр девонабонӣ карданӣ нестам!

Аз шунидани ин гап дили модар гӯё ба замин зад. Ӯ дигар маҷоли гап задан надошт. Таънаи келин аз ҷавшани ҷони кампир гузашта оби чашмонаш ба рӯйи рухсораҳои пурожангаш шорид. Бо чашмони пуроб як-як ба келинҳояш нигарист, вале ҳамаашон ба даҳонашон об гирифтагӣ барин чизе намегуфтанд. Маълум буд, ки касе аз янгаҳояш парастории Нозанинро бар дӯш гирифтан намехоҳад. Рафтори келину писаронаш холаи Моҳрухсорро сахт андуҳгин намуд. Вай аз онҳо чунин умед надошт.

-Аз рангу рӯйи ҳамаатон безорам! Метавонед кӯчу бандатонро гирифта худи ҳозир баромада равед. Нозанин ба парастории шумо ниёз надорад. Шукри худо, ҳоло очааш намурдааст, инро гуфта вай ба хонаи хоби Нозанини бемор даромад ва ҷогаҳашро дар паҳлӯи духтаракаш партофта дароз кашид. Аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта худ ба худ пичиррос мезад: «Аз ин мебарояд, ки пас аз сари ман дигар касе Нозанинро нигоҳубин намекунад…»

Модар бо чунин андешаҳои ғамангез ҳатто як лаҳза ҳам мижжа таҳ карда натавонист. Аз асабоният фишори хунаш баланд шуда, таппиши дилаш бемаром гашт. Саҳар фарзандон аз хоб бедор шуда диданд, ки аз модари саҳархезашон дараке нест. Ба хонаи хобаш омаданд. Модар ҳанӯз ҳам дар даруни ҷойгаҳ буд ва талх-талх нолиш мекард. Оча, гӯён садо карданд, вале модар хомӯш буд. Дарҳол ёрии таъҷилиро даъват карданд. Кампирро ба беморхона бурданд. Духтурон ташхис гузаронида гуфтанд, ки фишори баланди хун ба сараш зада ба хунрезии майна гирифтор шудааст. Рӯю даҳони модар каҷ шуда, тамоман аз гап монда буд.

Ҳукми янгаҳои золим

Баъди як ҳафтаи ин воқеа келинҳо бо ҳам маслиҳат карда, шавҳаронашонро маҷбур намуданд, ки Нозанинро ба беморхонаи касалиҳои руҳии дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда баранд. Нозанин зораву тавалло мекард, ки ӯро ба девонахона набаранд, вале касе ба лобаю зориҳояш гӯш надод. Аз рӯзи ба беморхона бурдани Нозанин аҳволи модараш бадтар шуд. Кампир бе ҳушу бе ёд бошад ҳам, гӯё ҳис мекард, ки бародарони беинсофаш Нозанинро ба Кӯктош бурдаанду духтари бемораш дар он ҷо ҳоли зоре дорад.

Ғарибмурда

Пас аз як моҳи дар девонахона будан Нозанин аз дарду ғам ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд. Ба бародаронаш хабар доданд, ки хоҳарашон мурдаасту омада ҷасади Нозанинро гирифта баранд. Нозанинро ки Худованд ба маънии томаш Нозанин офарида, вале аз аз ақл бе насиб гардонида буд, бо чашмону бозу даҳони кушода ба хона оварданд. Роҳи бародарони сангдилашро лаҳзаи охирин пойида, навмед аз дунё рафта буд ин духтараки бетақдир. Хабари марги Нозанинро ба холаи Моҳрухсор нарасонида бошанд ҳам, дили модар магар аз нохушӣ гувоҳӣ дода буд, ки дар ҷойгоҳи бемориаш якбора беқарор шуд. Вай бо як азоб ба духтурҳо фаҳмонд, ки ӯро ҷавоб диҳанд, дар назди фарзандонаш ҷон супурдан мехоҳад. Вақте ки модари беморро ба хона оварданд, тобути Нозанини ҷавонмаргро ҳанӯз аз дар набароварда буданд. Модари зор бо дасти сиҳаташ рӯи Нозанинро палмосида ашк мерехт, вале наметавонист во балам гӯён нола кунад. Мардуми ҷамъомада ҳам барои марги Нозанини бистсола гиря мекарданду ҳам ба ҳоли модари бемори ҷигарсӯхта. Ғаму дарди Нозанини ҷавонмарг охирин шуълаи умеди зиндагиро дар қалби модар кушт. Рӯзе, ки ҳафти духтарашро медоданд, холаи Моҳрухсор аз олам даргузашт. Чашмони модараш низ мисли чашмони Нозанин кушода буданд. Мурдашӯйҳо ҳарчанд кӯшиш карданд, чашмони маитро пӯшида натавонистанд. Ин чашмони боз гӯё келинҳои бераҳмро маломат мекарданд. Ғаму аламҳои ногуфтаи модар дар нигоҳи қаҳролуду ғамангези ӯ абадан нақш баста буд.

Ғазаби Худо

Пас аз додани чили холаи Моҳрухсору духтари ҷавонмаргаш Нозанин келини хурдӣ Идимоҳ, духтарча таваллуд кард. Тифлак мисли як себи дукафон ба аммаи ормониаш Нозанин монанд буд. Вақте, ки табибон нобино будани духтарчаашро ба Идимоҳ гуфтанд, фиғонаш ба фалак печид. Баъдтар маълум шуд, ки бар замми кӯр буданаш кӯдак аз ақл ҳам бенасиб аст. «Маро Худо зад! Қайсингиламро девона гуфта таъна задам, фарзанди худам кӯру ҷиннӣ таваллуд шуд»,- мегуфт ҷавонзани аз карда пушаймон ва зор-зор гиря мекард.

Тоҷинисои Азиз

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД