Arzon march 2024
Келини намозхон шайтони дупо баромаду...
2898

Аввалан, ассалому алайкум кормандони «Оила»-и дардошно ва кулли мухлисони ин сомона. Чанде қабл дар сомона номаеро таҳти унвони “Аз кори хона гурехта сари ҷойнамоз мешинӣ, мегӯяд хушдоманам” хонда ба андеша рафтам.

Албатта, ман ба зиндагии шахсии муаллифи нома кор надорам ва ӯро гунаҳкор карданӣ ҳам нестам, вале намоз хондану рӯза доштан маънои ба маънии томаш фаришта будани занро надорад. Баъзе духтарҳои намозон ва сатрпӯше ҳастанд, ки дар шаттоҳию шайтонию ҷангандозӣ ҳамто надоранд ва натанҳо рӯзи хушдоманро аз шаби тор сиёҳтар месозанд, балки ҳаёти тамоми аҳли оиларо талх месозанд. Барои тасдиқи гуфтаҳоям рафтору кирдори келини апаамро мисол меорам.

Намедонам чи шуду чи монд, ки писари ягонаи апаам зери таъсири кадом муллобашарае монда, аз духтарони гул барин зебою босаводе, ки духтур, муаллима, забоншинос ва рӯзноманигор буданд, рӯй тофта, ошиқи шайдои як духтари нохонда, аммо ба қавли худаш “намозхон, худотарс ва сатрпӯш” гашта ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ба ғайр аз ҳамин духтар дигар касеро ба занӣ намегирад.

Волидонаш зидди хоҳиши яккаписар набаромада бо умеди хушбахтии ҷигарбандашон ба ин издивоҷ розӣ шуданд. Хулласи калом, тӯй бодабдаба гузашта, арӯси Худотарсро ба хона оварданд, вале келинпошшо ҳанӯз аз рӯзҳои аввал дар кору бору хона беҳавсалагӣ мекард. “Ҷавон аст, ёд мегирад” гӯён, апаам шеваи хонадориро хомӯшона ба келинаш ёд медод, зеро арӯсак аз ӯҳдаи оддитарин корҳо, аз қабили хамир шӯридан, шӯрбо ё хомшӯрбо пухтан, ки барои духтари тоҷик -мусалмон фарз мебошад, намебаромад.

Дар бораи тозагӣ умуман гап набуд. Келини намозхон нохунгиракро дар ошхона болои мизи хӯрокхӯрӣ мегузошту барои он ки нохунҳои дарозаш осеб набиданд, косаю табақро бо собуну мачалка нашуста, танҳо нӯг-нӯги даст бо оби холӣ обгардон карда дар ҷояшон мегузошт.

Кору бори ин арӯси худотарс фақат орову торо додани худаш буд. Саҳар аз хоб мехесту намоз хонда ба рангу бор кардан машғул мешуд. Духтари сатрпӯш худро чунон рангу бор мекард, ки гӯе ягон раққосаи кӯчагии тӯйгард бошад.

Хешу табор ба меҳмонӣ омада аз чунин рангу боркунии келин эрод мегирифтанд, аммо хушдомани бечорааш, ки 27 сол собиқаи омӯзгорӣ дошта, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст ва зани воқеанъ ҳам бомаънӣ ва бомулоҳиза аст, ин арӯси мисли лухтак орову торо ёфтаи худпарастро пуштибонӣ намуда “ҳанӯз наварӯсаканд, барои ҳамин каме рангу бор кардаанд, то дар назди шавҳарашон зебову шукуфон бошанд-да! Ҷавонанд, монед ҷавонӣ кунанд” мегуфт.

Қисса кӯтоҳ моҳҳо паи ҳам мегузаштанду ҳеҷ не ки келини апаам кӯҳнаарӯс шуда, кору бори хона (ҳамаги 4 ҳуҷра)-ро ёд бигирад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоман ӯро ба нармӣ кору бор ёд доданӣ шавад, қошу қавоқ карда ба ҳуҷраи хоби худаш мегузашту бо ҳаимн дигар намебаромад.
Ҳамаи ин ба дили бечора апам магар кора кард, ки бемор шуда ба беморхона афтид.

Ростӣ, ман аз аввал пай мебурдам, ки келин табъи дилашон нест, вале апаам дар ин бора аслан сухан кардан намехост. Чун бемор шуд, дар қуввату ирода заифӣ карда, ба ман, ки ягона хоҳараш ҳастам, дарди дил карда, гуфта, ки пас аз марги ӯ ҳоли шавҳару писараш чӣ мешуда бошад?!
Фикрҳои беҳударо аз саратон дур кунед, апаҷон. Ба шумо чизе нашудааст. Ду рӯз пас асп барин сиҳат шуда пеши язнамулло медавед. Писаратон бошад зан дорад, гуфтам дар ҷавоб.

Апаам барои аввалин бор пеши ман иқрор шуд, ки бо вуҷуди солҳо фарзанди мардумро тарбия карданаш дар тарбияи келини саркаш оҷизӣ мекашад. Келин тоқати шунидани панду насиҳати ӯро надорад, агар каме сахтгирӣ кунад, метарсад, ки муносибати писараш бо келин вайрон мешавад. Бе ҳамин ҳам аз байн як сол гузашту келин ҳеҷ не ки ҳомиладор шавад. Метарсад, ки дахолати модар сабаб гашта, писараш хонавайрон нашавад.

Пештар ҳам ба гӯшам расида буд, ки ҳамсояҳо аз рангуборкунии бемаънӣ ва рӯз то бегоҳ дар берун рӯйи харак нишаста, бо худаш барин занҳои бекорхӯҷа миш-миш кардани келини апаам ба ҷон расидаанд ва барои иғвогариаш писарбачаҳои маҳаллаашон (двор) ба вай “Скрытая камера-монашка» ва «Крашенная камера-монашка» лақаб ниҳодаанд.

Ин арӯси намозхону худотарс баъди ба кор рафтани шавҳару хусуру хушдоманаш рангу бор карда, сатрашро баста поён мефаромадааст ва болои хараки назди хона нишаста, рӯз то бегоҳ рафтор ва кору бори ҳамсояҳоро онро назорат мекардааст, ки кӣ чи кор мекунаду куҷо меравад.

Ин шайтони дупо чанд бор дар бораи он ки писарбачаҳои хурдсоли ин бинои нӯҳошиёна кӣ бо кӣ ҷанг карду чӣ гуфту чи монд ба падару модарони кӯдакон хабаркашӣ карда, байни ҳамсояҳо ҷанг андохта будааст, барои ҳаимн ба ӯ чунин лақаб гузоштаанд.

Мегуфтанд, ки келини апаам бо ду зани ранги худаш лухтакмонанди сатрпӯш дугона шуда, аз саҳар то бегоҳ дар бораи он ки кадом ҳамсоязан чӣ либос дар бар дошту соати чанд аз хона баромада соати чанд омад, хонаи кадом ҳамсоя дар набудани шавҳараш кӣ омаду кӣ рафт, духтари қадраси ҳамсояро бо кӣ дидаанд ва ҳоказо ғайбат мекунад.

Ҳамсояҳо дар ин муддат чанд бор ба апаам шикоят карда бошанд ҳам, ин зани дурандеш дар ин бора ба писараш чизе намегуфт, зеро ҳарос дошт, ки болои бефарзандиаш иғвоангезии келин зан шуда, шавҳараш талоқи ӯро медиҳад. Ҳамаи инро донам ҳам, ман ба зиндагии онҳо дахолат кардан намехостам, аммо он рӯз ҳоли апаамро дида, гиръя гулӯгирам кард. Аз он ки хеле дер дарди дилашро ба ман гуфт, норизоӣ карда гуфтам, ки заҳри одама одам мегирад, гуфтаанд, охир мегуфтед, танобашро кашида мемондем.

Апаам, ки аз хурдсолӣ одати алов барин дар гирифтани маро хуб медонист, хоҳиш кард, ки дар бораи рафтору кирдори келинаш ба касе лаб накушоям ва ба ӯ кордор нашавам. Азбаски ягона хоҳараш ҳастам, ба ман рози дил карда, каме сабук шудааст, боқӣ худо ба келинаш инсоф диҳад.
Медонистам, ки апаам на ҳамаи чизро ба ман нақл карда, танҳо ба қавле “цветочки»- ро гуфт.

Аз ҳамин хотир, бо апаам хайрухуш карда ба хонаам раҳсипор шудам, вале поям маро сӯи хонаи худам неву сӯи хонаи апаам мекашонд. Мехостам асли воқеаро бо чашмони худам бубинам.

Ба назди хонаашон расида келини худотарсро болои харак саргарми сӯҳбати “Ахбори рӯзи маҳал” дарёфтам. Вақте салом додам, дили нохоҳам аз ҷой бархост. Ҳис кардам, ки омадани ман ба табъи нозуки келини апаам чандон нафорид ва дилу бедилон бо ман ҳолпурсӣ карда, маътали ҳар чӣ зудтар рафтанам аст. Ақаллан ба хотири риояи одоби тоҷикона ва меҳмоннавозӣ ин арӯси бетарбия маро, ки хоҳари хушдоманаш ҳастам, ҳатто ба хона муроот накард ва як даҳон “биёед хона дароед” нагуфт, вале дар назди дугонаҳояш, ки ба мисли худаш “хабарнигорони бе диплом”-и маҳалла ҳастанд, ман бо ӯ сар ба сар шуданро ба худам эб надида, аввалин бор дар ҳаётам дурӯғ гуфтам, ки бояд як ду чизро аз ҳуҷраи апам гирифта ба наздаш ба беморхона бараму барои ҳамин омадам.

Келини сатрпӯши дар рангу бор тар бо қошу қавоқи овезон аз пуштам ба ошёнаи панҷум баромад. Аввалин чизе,, ки баробари дарро кушодан ба чашмам афтид, як қабзаи мӯйи сари дар шонаи чиркин печонидашуда буд, ки дар назди оинаи долон мехобид.

Шавҳару хусур бояд аз кор меомаданд, вале аз ошхона бӯи хӯрок ҳам намеомад. Ба ҳуҷраи апаам даромада гулҳои хонаашро пажмурдаву зор дарёфтам. Даррав ба гулҳо об рехта баромадам. Келин дар роҳрави долон интизори ман буд, то тезтар барояму вай боз поён фаромада давоми ахбори рӯзро ба дӯстонаш расонад.

-Гулҳои апаам қариб қоқ шудаанд ку,- гӯшрас кардан ба келин ва ба зал гузаштам. Ин корам ба келин тамоман нафорид.

-Э ҳа, келин, гулҳои зал ҳам қоқ шудаанд-ку!

Келини апаам бо чашмони пур аз сурмаю қалам ва миҷгонҳои часпондаи мисли миҷгони гов дарозаш ба сӯям нигоҳи нохушоянде партофту норозиёна бо коса ба гулҳо рехтан гирифт. Ман ба ошхона даромада об гирифтанӣ шудам, ки дар ошхона ҳам гулҳо қоқу ҳам косаҳо ношуста…

- Ҳозир шавҳару хусурат аз кор меоянд, ягон хӯрок пухтании е не?-пурсидам аз келин.

- Фирдавс имрӯз хонаи ҳамкорашон нишаст доранд, -нимғурма ҷавоб дод арӯси лухтакбашара.

- Амакат чӣ? Аз кор гурусна монда меомадагистанд?

Ӯ ба ин савол ҷавоб доданро ба худаш шоиста надид. Дигар тоқатам намонду ба зарда гуфтам, ки охир худатонро ба ҷои ҳамин қадар рангу бор кардан як кори хонаро кунед намешавад келин! Гулҳо ба об резед, мӯйи саратонро хонаи хобатонба шона карда, барои шом ягон хӯрок пазед. Пагоҳ хушдоманатон аз дар дарояд ин ҳолу аҳволро дида, бо он дили дардмадаш дилкаф шуда мемурад. Медонед келини намозхону сатрбанду худотарс чӣ ҷавоб дод?

Аввалаш, ки ман сатр дораму 5 вақт намозамро дар вақташ мехонам. Баъд рангу бор дар ислом барои зан иҷозат дода шудааст. Гуноҳ нест!

- Дар ислом магар тозагиро риоя кардан гуноҳ аст? Ба гул об рехтан гуноҳ аст? Ба падари шавҳар хӯрок пухтан куфр аст?- Бо қаҳр ҷавоб додам ман.

- Мара иҷа гулкорӣ наовардан.

- Тура баъд иҷа чӣ кор овардан, хонара валангор кардану худта орову торо додану рӯз то бегоҳ дар кӯча нишаста ғайбат кардан овардан?! Барои ту касофатӣ шуда апаам дарди дил шуд,- дигар сабру қарор аз даст дода, дод задам ман.

Аммо миҷҷаи келини худотарс хам нахӯрда, бидиррос зада гуфт.

- Э апаи тра ма касал кардам?! Апаи тра гулакҳои мардум дар мактаб касал кардан. Шарт набуд, ки дар байни мардакои бегона дар мактаб гулаки мардума дарс бдиҳад. Сатр мекарду хонада мешишт, намозоша мехонд, на дарди дил мешид, на дарди сар. Кор хонада ҳам пуррай, ақаллан гулҳоша об медод. Ҳаму кори кампири апат кида даркорай?! Ҳамсояҳо ҳама меган, ки ҳози ами кампир да мезеба дар ҳамин синну сол ба ҷои хонада шиштан саҳар ранги мардак фасон карда мактаб мерава…-ба ту ту гуфтан гузашт келини шаттоҳ.

Фаҳмидам ҳақиқати ҳолро. Гарчанде апаам ба ман дар ин мавзӯъ чизе нагуфт, баръало маълум буд, ки ин шаттоҳкелин борҳо ба сари аппам ҷанҷол бардоштааст.

Дар гузаре, ки апаам зиндагӣ мекунад, қариб 95 фоизашон одамони илмиву фарҳангӣ буда, шахсиятҳои намоёни шаҳранд, ба ғайр аз ду дугонаи келини шаттоҳаш. Бешубҳа касе дар бораи апаам сухани ноҷое нагуфта, баръакс эҳтиромаш мекунанд. Аз ҳамин хотир гуфтам:

- Ман ҳамсояҳои апаамро хуб мешиносам, ба ғайр аз туву ду дугонаи бесаводу бемаданияти бекорхӯҷаат дигар касе вақти ғайбат кардан надорад. Беномус, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!

- Дугонаҳои ма мадраса хондагиан, сатрпӯшу намозхону хонашинанд, ранги дигарҳо сарлучу пойлуч кӯча ба кӯча намегарданд,- гуфта фиғон бардошт.

Хостам ин беҳаеро, ки сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои хонаводаи апаам шуда буд, бо дастонам бӯғӣ кунам, вале ин дам дар боз шуда язнаам, ки дар синну сол аз ман хеле калон ва марди боиззату эҳтиром аст, аз дар даромад. Ӯ дар назар аз пештара пиртару заифтар ва афсурдаву ранҷур менамуд.

Дар 10 рӯзи бемории завҷааш гӯё 20 сол пиртар шуда буд.Маро дар он ҳолат дида лабонаш пир пир париданд, дастонаш ларзида ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва ҳаросон ба ман нигоҳ карда гуфт:

- Чӣ гап шуд, тинҷи мӣ? Ягон воқеа … апаат чӣ хел?

- Апаам нағз, хавотир нашавед, гуфтам, вале...

Келин бидирросзанон ба гап даромад.

— Э и кӣ бдай, ки мада малимӣ мекардай. Гулҳои апаш қоқ шдиан, ма гнаҳкор. Апаш касал шидай, ма гнаҳкор, ай апаш нав гуфтм халос мехрм намехрм, ки боз и аз кадом қавр пайдо шид….

Рости гап ман дар назди язнам ба ин келини сермағал баробар нашудам.

- Келин ором шавед, айб аст айб. Ин кас ҳам ба ҷои модар насиҳат кардааст..

- Э ма бе насиҳат мондагиюм?! Ма одами намозхон, сатр дорм, мешинм насиҳати амиора гӯш мекнм..

- Бас кунед келин, каме баландтар гуфт, язнам..

- Эээ ту чӣ садота баланд кадестай. Арака задай отдых кадестай бра сарта таги курпа мон хов бра..

Язнаам духтури тачрибадор ва як одами намоёни шаҳр дар назди келини ранги лухтак ҳақиру нотавон ба сӯям беҳолона нигариста гуфт:

- Ба ӯ баробар нашавед, одами намешуданӣ аст...

Язнаам ба ошхона даромада, ин тараф ун тараф нигоҳ кард, ки шояд ягон кути лоямуте ёфта, ба даҳон гузорад, аммо ғайр аз косаҳои ношуста дар ошхона чизе дигар ба назар намерасид. Ӯ хору зор сарашро бо ду дастонаш дош,т баьд бо алам дастонашро ба боло бардошта гуфт:

- Худоё Худовандо, раҳми маро хӯрда, ба завчаам умр бидеҳ ва маро пеш аз ӯ ба наздат хон, ки бе ӯ хори кӯча мешавам.

Дилам ба ҳолаш сӯхт. Се дона тухм бо картошка пухта дар наздаш гузоштам ва чун дер шуда буд, роҳ ба сӯи хонаам пеш гирифтам.

Дар баромадгоҳ келини апаам бо рангу бор ва муболиғаҳои зиёд ба дугонаи дигари худотарсаш охирин ахбори шомро аз хонаводаи худ нақл мекард. “Худша нав дар ҷош шондум, ки боз хоҳарша роҳӣ кадай. Хоҳаруш юристай, прокурорай ба худшай, зато фаҳмид, ки кати кӣ сару кор гирифтай. Зунукуш гирифт ай тарса...”

Ман хаставу лакот аз наздашон дур мешудаму овози келин аҳён-аҳён ба гӯшам меомад, ки мегуфт: “Пирхари худозада боз дар пеши хоҳари занш гапдон шидай..Ҳозир боло мебром напоминатуш мекунум, ки ма киум.. Ай йодш бромадай оказиватся…

Манзурам аз навиштани ин нома фақат як чиз аст, одамият на ба нутқу на ба ришу на ба ҷон, тутӣ ҳам нутқу буз ҳам ришу хар ҳам ҷон дорад. Алҳамдулилоҳ мусалмонам, калимаи шаҳодат дар забон дорам, вале он ки бархе аз инсонҳо исломи бузургро ба ҳаққоният дарк накарда, аз оддитарин одоби исломӣ ва инсонӣ баҳравар нестанд, вале бо пӯшидани сатру мондани риш худро мусулмон мешуморанд, магар нишонаи аблаҳӣ нест?!

Бо эҳтиром Ҳилолахон

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Дил 2023-09-26, 11:49
Эх дилам ба холи хохаратону язнаатон сухт Ин келини шайтонсифатро барвактар нест кардан лозим Лаьнат ба ин хел инсон Худо нигах дорад аз ин хели келинхо
Посух
Саида 2023-09-26, 13:33
Офарин, Ҳилолахон! Ҳаққи гапро гуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Дил 2023-09-26, 11:49
Эх дилам ба холи хохаратону язнаатон сухт Ин келини шайтонсифатро барвактар нест кардан лозим Лаьнат ба ин хел инсон Худо нигах дорад аз ин хели келинхо
Посух
Саида 2023-09-26, 13:33
Офарин, Ҳилолахон! Ҳаққи гапро гуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД