Arzon march 2024
Келини хушдоманкуш чи ҷазо мегирад?
1818


Зинатбибӣ Носироваи 58-соларо дар хонаи худаш келинаш Фозила Салимоваи 22-сола 27 корд зада, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонд.

Сароғоз нисбати келини хушдоманкуш бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикситон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта буд, вале мбаъдан муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, онро бо моддаи 106 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) иваз намуданд. Пайвандони Зинатбибии марҳум бо ин хулоса рзӣ нестанд ва мехоҳанд, ки ба келини бераҳм барои куштори ваҳшиёнаи хушдоманаш ҷазои сангин дода шавад.

Наздикони Носирова ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикоят бурда, дар номаи доди худ навиштаанд, ки Зинатбибӣ Носирова рӯзи 23-уми майи соли равон дар хонаи худаш баъди як муноқишаи оилавӣ ба дасти келинаш кушта шуда, арӯси ин хонадон Фозила Салимоваи 22-сола модаршӯяшро бо 27 зарби корд ба ҳалокат расонд. Дар аввал нисбати Салимова бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд, вале муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, баъдан парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) банду баст карданд ва онҳо ба ин тамоман розӣ нестанд.
Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова дар сӯҳбат бо хабарнигорони “Азия-Плюс” гуфтааст, ки “Фозила Салимова модари маро бераҳмона, дар ҳолати хуб буданаш, бо мақсади куштор 27 маротиба корд задааст.

Дар баёнотҳои Салимова Ф. гуфта шудааст, ки гӯё ӯ дар вақти содир намудани ҷинояти мазкур дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор доштааст, ки ин дурӯғи маҳз мебошад. Аз замони содир намудани ҷиноят то ҳозир вай ҳама ҳаракат ва кирдорҳои худро пурра ва дуруст дарк мекунад...”
Ҷангу ҷанҷоли келину хушдоман бар асари баҳси хона сар зада, келин мехостааст ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи алоҳида зиндагӣ кунад, вале модаршӯяш ба ин зид баромадааст.
“Модарам зид набуд, вале бародарам ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул буд ва он қадар даромади хуб надошту аз ӯҳдаи зиндагониаш намебаромад”, -сабибимоҷарои хунинро шарҳ дода, гуфтааст духтари марҳумЗайнатбибӣ Носирова.
Аз гуфтаҳои наздикони хонавода чунин бармеояд, ки дар се соле, ки Фозила Салимова келини ин хонадон буд, бо модаршӯяд, марҳум Зайнатбибӣ Носирова муносибати бад надошт ва дар ин муддат ҳолати рӯҳиву равонии Салимова Ф. хуб буд, танҳо се-чор маротиба қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт ва боз баргашт.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Фозила Салимова аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида шуда, парванда алакай ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки келини хушдоманкуш чиҷазо мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД