Arzon march 2024
Келини хурдӣ аз келини калонӣ ибрат мегирад!
27.10.2024
ОИЛА.ТҶ
247

Муносибати келину хушдоман ва бо ҳам созиш карда натавонистани ду зане, ки дар ҳаёти ҳар як мард нақши муҳим мебозанд, баъзан боиси пошхӯрии оилаҳо дар ҷомеаи суннатии мо мегардад. Дар баробари ин, оилаҳое ҳастанд, ки хушдоман бо оқилагиву дурандешии худ келинро ҳамчун фарзанд қабул намуда, дар фазои хонадон ҳамеша оромиву осудагӣ ҳукмфармо аст.

Муяссарахон Маҳмудова аз гурӯҳи фейсбукии “Нигоҳи зан” дар мавриди муносибатҳои келину хушдоман чунин ибрози ақида намуданд:

- Худораҳматии хушдоманкалонам мегуфтанд, ки агар дар хона як келин бошаду хуб бошад, маълум мешавад, ки дар хонаи модар тарбияи хуб гирифтааст. Агар ду келин бошаду ҳардуяш таърифӣ бошанд, ин маънои онро дорад, ки келини калонӣ хуб аст. Рафтору кирдори келини калониро дида, келини хурдӣ сабақ мегирад. Агар дар хона се келин бошаду ҳарсеи онҳо ботарбияву хонақапу хуб бошанд, аз ин бармеояд, ки хушдоман зани хуб аст.

На ҳар хушдоман бо се келин забон ёфта метавонаду муросо мекунад. Агар дар хона чор келини бомуросо бошад, маълум мешавад, ки хушдомани хонадон ҷаннатӣ аст. Ин гуна хушдоман Манзура Қосимова, аз шаҳри Хуҷанд мебошад, ки бо се келини зебои худ барои дигар оилаҳо намунаи ибрат ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД